Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Эй равшанӣ аз рӯи ту чашми нигаронро

Эй равшанӣ аз рӯи ту чашми нигаронро, Ин равшании чашм мабодо дигаронро. Бо ҳусни туву нози ту сӯзеву ниёзе Ҷони нигаронро, дили соҳибназаронро. Зоҳид зи ту пӯшад назару зуҳд фурӯшад, Ин бехабаронро нигар, он бебасаронро. Аз пеши ман он ҷони ҷаҳонро гузаронед, То хуш гузаронем ҷаҳони гузаронро. Ҷон аз сари кӯи ту надорад сари парвоз, Мурғе, ки чаман ёфт, наҷӯяд таяронро. Гуфтам: ба ҳақи он дили сангин, ки вафое Вақъе набувад пеши ту савганди гаронро. Бинмо ба Камол он лабу хун хӯрдани ӯ бин, К-он бода ҳалол аст чунин нуқлхуронро.