Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст
Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст, Бе замзамаи нойи ироқӣ ҳеҷ аст. Ҳарчанд дар аҳволи ҷаҳон менигарам, Ҳосил ҳама ишрат аст, боқӣ ҳеҷ аст.
Аз дафтари умр пок мебояд шуд
Аз дафтари умр пок мебояд шуд, Дар ҷанги аҷал ҳалок мебояд шуд Эй соқии хушкилиҳо ту хушдил мебош, Обе дардеҳ, ки хок мебояд шуд.
З-ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам
З-ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам, Олам ҳама ройгон бар он мебинам. Субҳоналлаҳ, ба ҳар чӣ дарменигарам, Нокомии хеш андар он мебинам.
Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд
Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд, Бар авҷи фалак буроқи фикрат ронанд. Дар маърифати зоти ту монанди фалак, Саргаштаву сарнагуну саргардонанд,
Дар сурати обу гил аён ғайри ту кист
Дар сурати обу гил аён ғайри ту кист? Дар хилвату ҷону дил ниҳон ғайри ту кист? Гуфтӣ, ки зи ғайри ман бипардоз дилат, Эй ҷони ҷаҳон, дар ду ҷаҳон ғайри ту кист
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст, Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд
Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд, Ҳусули ду ҷаҳон дар амри Маъбуд. Ба кӯҳи Тур рӯзе рафт Мӯсо, Барои рози дил бо Ҳақ таоло.
Нишоти умр бошад то ба 30 сол
Нишоти умр бошад то ба 30 сол. Ба 40 ои фурун резад пару бол. Ба 50 гар равви ёби ту сустӣ. Ба 60 оина ёбӣ тандурустӣ.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Нобаробар
Ту аз ман будиву ман аз ту будам, Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар. Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест, Чаро ишқи ману ту нобаробар?!
Баҳори бе Лоиқ
Эй баҳори бе Лоиқ, рози марг ифшо кун, Бо таронаи борон ёди шоири мо кун. Асру лаҳза яксон аст дар радифи бемаргӣ, Эй ҳарифи бемаргӣ, лаҳзаро таманно кун,
Ба ту аз кафтари белонаву бедона дуруд
Ба ту аз кафтари белонаву бедона дуруд, Ба ту аз даҳшати танҳоии ҷонона дуруд, Ба ту аз бӯйи хуши рақси гули ёс паём, Ба ту аз ҳавсалаи ишқи ғарибона дуру
Барои Лоиқ
Ҷон будиву рафтӣ, зиндаям, ҳайронам, Дар васлу видои ҷону тан сарсонам. Бо ашк марез пок дар домани хок, Бо ханда марав ту аз лаби хандонам.
Самарқанду Бухоро
Ҳаббазо, шаҳри Самарқанди биҳиштитимсол, Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол. Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам, Файзбор аст ҳавояш
Айнӣ
Бар вафоят дил супурдам, халқи ман, Борҳо баҳри ту мурдам, халқи ман. Ганҷи умри бебаҳоро бохтам, То шаҳодатномаатро сохтам.
Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст
Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст, Бимирад агар шоҳ, агар банда аст. Ба дунё намонда касе ҷовидон, Наёбем мо ҳам зи мурдан амон.
Хати сурх
Аз Ватан дур гарчи бисёр аст Зиндаю мурдаи ба ному нишон, Лек осон набуду осон нест Аз Ватан дур мурдани мардон.
Бухоро
Нигоҳи гарми ман аз фарқи кӯҳистон Ба сӯят чун Зарафшон рӯзу шаб ҷорист. Бухоро, бо ғаму афсӯс мебинам, Ки ҷои бас азизонат
Шоиру шеъре агар ҳаст
Ман намедонам, ки дар савдои шеър Шири аз шоирӣ ношод кист, Лек рӯзе бе ғазал, бе шеъри тар монад агар лабҳои ман, Чун лабони чашмаҳои хушк парсин мезанад,
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ
Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ, Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ. Сармояи ту дар ин ҷаҳон як кафан аст, Он ҳам ба гумон, ки барӣ ё набарӣ.
Бани одам аъзои якдигаранд
"Бани одам аъзои якдигаранд", Ки акнун паи қатли якдигаранд. "Чу узве ба дард оварад рӯзгор", Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор?
Бишуд ковок аз ҷабри ғарибӣ устухонам
Бишуд ковок аз ҷабри ғарибӣ устухонам, Халад захми ғарибӣ ҳар замон бар ҷисму ҷонам. Нахоҳад ҳеҷ ақли солиме тарки ватан кардан, Ба сурат шакли одам лек дар сир
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист, Фарзанди замонему надонем замон чист. То пир нагардем, наҷӯем ҷавонӣ, То хок нагардем, надонем нишон чист.
Биё, то ҷон ба ҷон бошему бошем
Биё, то ҷон ба ҷон бошему бошем, Нишони бенишон бошему бошем. Ҷаҳон бо мо сару коре надорад, Барои ҳам ҷаҳон бошему бошем.
