Айнӣ
Бар вафоят дил супурдам, халқи ман,
Борҳо баҳри ту мурдам, халқи ман.
Ганҷи умри бебаҳоро бохтам,
То шаҳодатномаатро сохтам.
Гардҳо афшондам аз таърихи пеш,
Тоҷ мондам бар сари тоҷики хеш.
Халқи ман, умре на осон зистӣ,
Ин замон ҳам эмин аз бад нестӣ.
Дар ҷаҳони неку бад ҳушёр бош,
Ҷамъу ҷӯру боҳаму бисёр бош.
Тоҷи зар бодо ҳамеша бар сарат,
Ганҷи ҷону дил шавад афзунтарат.
Бахти ту бешу раҳат бодо кушод,
Айниат аз ҷон дуогӯи ту бод!