Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: фалсафӣ

Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Дар ҷаҳон, донӣ, кӣ гардад муътабар

👁 22

Дар ҷаҳон, донӣ, кӣ гардад муътабар? Он ки ӯро пок мебошад назар.

Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Хирад парварад ҷони донандагон

👁 60

Хирад парварад ҷони донандагон, Хирад раҳ намояд ба хонандагон. Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор

👁 58

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест

👁 55

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест, Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест. Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем

👁 16

Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем, В-аз хоки харобот таяммум кардем. Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем. Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт

👁 31

Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт, Чашм надорад халос, ҳар кӣ дар ин дом рафт. Ёди ту мерафту мо ошиқу бедил будем, Парда барандохтӣ, кор ба итмом рафт.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Баҳор

👁 58

Омад баҳори хуррам бо рангу буйи тиб, Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб. Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон, Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Модари май

👁 64

Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ёрӣ андар кас намебинем

👁 136

Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд? Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд? Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост? Хун чакад аз шохи гул, абри баҳ

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!

👁 54

Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ! В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ! Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!

Умари Хайём
Умари Хайём

Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест

👁 22

Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест, Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест. Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ яксар. Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ғами ҷаҳон беҳуда махур

👁 32

Эй дӯст ғами ҷаҳон беҳуда махур, Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махур. Чун буда гузашту нест нобуд падид, Хуш бош ғами будаву нобуда махур.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҷони ширин (қисми 4)

👁 67

Кишвари маҳбуби моро ҷилвагар, Балки тобон дид ӯ нури хирад Дар нигоҳи шоири Ленинград. Балки истиқболи кӯҳистони он

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҷони ширин (қисми 3)

👁 46

Хушк-маҳкам мисли оҳанпора буд. Аз ҷафоҷӯён шикоят дошт он, Ҳам шикоят, ҳам ҳикоят дошт он. Чунки ӯ медид дар атрофи хеш

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт

👁 36

Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт Дар талоши қисмату номусу ном. Боз як хуршед моро тарк гуфт, Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Чаро ҳаёт ҳар нафас туро азоб медиҳад

👁 32

Чаро ҳаёт ҳар нафас туро азоб медиҳад, Чу неши гозанбурат ҳазор тоб медиҳад? Чаро ба рӯзҳо туро шиканҷакӯб мекунад, Валек бахти нақдро фақат ба хоб медиҳад?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дар дил он қадр, ки мақсуди ман аст

👁 25

Дар дил он қадр, ки мақсуди ман аст, Ин ҷаҳон арсаи маҳдуди ман аст. Ҳар чӣ аз будани худ пай ҷустам, Жарф дидам паи нобуди ман аст

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ишқ дар дил

👁 65

Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст, Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ороиши ҷавониям

👁 34

Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд, Гулбонги шодмониям ишқи ту буду мурд. Болам дигар шикаставу авҷам нишастааст, Парвози осмониям ишқи ту буду мурд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Беҳтарин дин

👁 90

Аз падар пурсид рӯзе як писар, Беҳтарин динҳо кадом аст эй падар? Гуфт ман бо "дин" надорам ҳеҷ кор, Пеши ман динҳо надоранд эътибор.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Афсонаи фано

👁 23

Ҷуз пеши мо махонед афсонаи фаноро, Ҳар кас намешиносад овози ошноро. Аз тоқу қасри дунё к-аз хоку хишт чинед, Ҳайф аст паст гиред миъроҷи пушти поро.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст

👁 44

Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст, Ай бас ғаму шодӣ, ки паси парда ниҳон аст. Гар марди раҳӣ, ғам махур аз дуриву дерӣ, Донӣ, ки расидан ҳунари гоми замон аст.

Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Садои замон

👁 24

Садои замонро шунидан лозим, Ба роҳи хирад боз дидан лозим. Ватанро ба меҳру амал обод кун, Ба ҳар рӯз аз худ расидан лозим.

Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Илоҳӣ, то абад аз ашк мижа тар монад

👁 18

Илоҳӣ, то абад аз ашк мижа тар монад, Даме мабод, ки ин ришта бе гуҳар монад. Надошт манзили ҳастӣ суроғи осоиш, Ҷаҳон ба ҷодаю мардум ба раҳгузар монад.

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Сафари маърифат

👁 30

Ман аз баҳри дониш ҷаҳон гаштаам, Зи ҳар гӯшае ганҷи ҷон ёфтаам. Набошад зи дониш гаронтар матоъ, Ки он медиҳад одамиро иртифоъ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав
Саҳифаи 15 аз 16