Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд
Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд, Шамъи мурда ҳокими манзумаи хуршед шуд. Зиндагон бар мурдареги зиндагӣ жӯлидаанд, Зиндагӣ аз зиндагонӣ буданаш навмед ш
Маро дунё нахоҳад кушт, то дунёи дил дорам
Маро дунё нахоҳад кушт, то дунёи дил дорам, Маро дарё нахоҳад бурд, то дарёи дил дорам. Зи баднафсию пурхорӣ басо савдогарон мурданд, Зи ҳар савдо намемирам, ки
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз, Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз. Сад бандро кушодаму растам зи сад бало, Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.
Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест
Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест, Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад.
Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд?
Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд? Баъд аз сари ман ҷаҳон ҳамон хоҳад буд. Чашмони ҳазини ман зи ҳар мисраи ман Бар чашми накӯён нигарон хоҳад буд.
Мо солхурда ҳастем ё сол хурда моро?
Мо солхурда ҳастем ё сол хурда моро? Мо умр бурда бар сар ё умр бурда моро? Мо ҷонсупор будем дар ҳоҷати замона, Ё азми ҷонсупорӣ осон супурда моро?
Умр аст дарахту мева шодию ғамаш
Умр аст дарахту мева шодию ғамаш, Эй сода, чӣ парво кунӣ бар бешу камаш? Он сон ки бихоҳӣ, ончунон зиндагӣ кун, Бар дил набарӣ то ҳама доғу аламаш.
Эй дида ҷаҳон, ҷаҳон надидаст туро
Эй дида ҷаҳон, ҷаҳон надидаст туро, Гул чидӣ, вале гуле начидаст туро. Ин қадр ба шуҳрати хато шод мабош, Наққоши замон хато кашидаст туро.
Дарёи дилам мавҷзанон мегузарад
Дарёи дилам мавҷзанон мегузарад, Аз байни ду соҳили замон мегузарад. Дарёи ту гар ба сӯи баҳре биравад, Дарёи ман аз баҳри ҷаҳон мегузарад.
Сатрҳои нотамом
Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада Монд бесоҳиб... Дар оғози ҳаёт Роҳҳо дигар шуданд,
Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд?
Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд? Баъд аз сари ман ҷаҳон ҳамон хоҳад буд. Чашмони ҳазини ман зи ҳар мисраи ман, Бар чашми накӯён нигарон хоҳад буд.
Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем
Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем, Баҳр меҷӯему бо ҷӯе қаноат мекунем. Ишқ меҷӯему аз шавқе пушаймон мехурем, Ком меҷӯему бо ҷоме кифоят мекунем.
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз, Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз. Сад бандро кушодаму растам зи сад бало, Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.
Гуфтам, ки «Лабат?» Гуфт: «Лабам об ҳаёт»
Гуфтам, ки «Лабат?» Гуфт: «Лабам об ҳаёт». Гуфтам: «Даҳанат?» Гуфт: «Зиҳӣ ҳабби набот!» Гуфтам: «Сухани ту?» Гуфт: «Ҳофиз гуфто: Шодии ҳама латифагӯён саловот!»
Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан
Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан, Аҷносу малоӣка ҳавоси ин тан. Аҷром аносиру маволид аъзо, Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама фан.
Ушшоқ баромаданд перомани гул
Ушшоқ баромаданд перомани гул, Якбора заданд даст дар домани гул. В-азбаски ҳамекашанд пиромани гул, Он гаҳ ба ҳазор шох шуд бар тани гул.
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр, В-овард замона тоқӣ сармояи умр. Аз мӯйи сапедам сари пистони умед, Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр.
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард, Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард. Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард?!
Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам
Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам? – Ҳеҷ. В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам? – Ҳеҷ. Шамъӣ тарабам гир, чу биншастам, ҳеҷ. Худ ҷоми Ҷамам гир, чу бишкастам, ҳеҷ.
Рӯзаке чанд дар ҷаҳон будам
Рӯзаке чанд дар ҷаҳон будам, Бар сари хоку бод паймудам. Соате лутфу лаҳзае дар қаҳр, Ҷони покизаро биёлудам.
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард, К-аз он шаш бувад марги озода фард. Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ, Намудан ниёзу заъифию дард.
Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр
Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр, Бизанам наъра, валекин зи ту бинам ҳунаро… Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон, Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар
Чун қибланамо Хизри раҳи аҳли ҷаҳон бош
Чун қибланамо Хизри раҳи аҳли ҷаҳон бош, Саргаштаи худ, роҳнамои дигарон бош.
Наздики хирад гавҳари бақоро
Наздики хирад гавҳари бақоро, Аз дониш беҳ ҳеч кимиё нест.
Хирад аст он, к-аз ӯ расад ёрӣ
Хирад аст он, к-аз ӯ расад ёрӣ, Ҳама дорӣ, агар хирад дорӣ.
