Бухоро
Нигоҳи гарми ман аз фарқи кӯҳистон
Ба сӯят чун Зарафшон рӯзу шаб ҷорист.
Бухоро, бо ғаму афсӯс мебинам,
Ки ҷои бас азизонат
Дар оғӯши ту ҳамчун ҷои Сино ҷовидон холист.
Ту гӯё пеш аз ин дар рӯзгороне
Яке вулқон будӣ,
Ё дар сари вулқони сӯзоне,
Ки охир дар саъири оташафшонӣ
Азизонат чу ахтарҳо,
Шуданд аз ҳам ҷудо, барчош дар олам
Ба ҳар сӯе,
Ба ҳар кӯе…
Яке бо теғу бо пайкон
Пайи Искандари мақдуниро бигрифту Юнон рафт.
Яке аз дасти Темурлангу Чингизхон,
Зулоли оби ту дар чашмҳою хоки ту дар мушт,
Сари худро гирифту Руму Эрон рафт.
Яке гар дар ғарибӣ бе нишон гум шуд
Ба мисли қатрае дар коми регистон,
Дигар бо давлати бе давлати тоҷик
Баробар дар миёни турку тозӣ
бахшу қисмат шуд.
Танаш сӯе, сараш сӯе,
Танаш чун қитъае яксар,
Сараш ҳамчун сари кишвар.
Дар ақсои ҷаҳон тухми бузургонат
Ба монанди зару симат парешон шуд,
Ба монанди зару симат ба беқадрӣ
Агар роҳе чу роҳи Каҳкашонат буд,
Ба мисли риштае печида гӯё рафт
дар пои ҷаҳонгардон.
Агар шустанд аз байни ту боронҳо
Раҳеро чун раҳи мӯрон,
Раҳеро бодҳо руфтанд аз байни тую дунё.
Ғарибиро чу фарзандони ту мардум намедонад,