Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2606

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1730

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1459

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1397

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1146

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1055

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1041

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 847

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 837

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 796

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 747

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 735

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 727

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 703

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 697

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 669

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 639

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Найнома

👁 630

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 630

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 626

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 613

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 596

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хандаи лола

👁 587

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 582

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 563

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Машшотаи шӯхе, ки ба дастат дили мо баст,

👁 18

Машшотаи шӯхе, ки ба дастат дили мо баст, Мехост чаман тарҳ кунад, ранги ҳино баст. Он ранг, ки медошт дареғ аз варақи гул, Аз дур кафи дасти ту бӯсиду ба по ба

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мовуман

👁 13

Мовуман гум гашт, ҳар гаҳ хоб шуд ҳамбистарат, Байзаи анқост сар дар зери болини парат. Авҷи ҳиммат, то нафас боқист, пастӣ мекашад,

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Кинаро дар домани дилҳои сангин маскан аст,

👁 11

Кинаро дар домани дилҳои сангин маскан аст, Ҳар куҷо тухми шарар дидем, сангаш хирман аст. Хоксорон қосиди афтодагиҳои ҳаманд, Ҷодаро тӯмори нақши по ба манзил

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Коҳиши табъи ман аз фитрати бебоки худ аст,

👁 10

Коҳиши табъи ман аз фитрати бебоки худ аст, Шамъро барқи фано шуълаи идроки худ аст. Ғайр мушкил, ки шавад доми асирони вафо, Қафаси ваҳшати субҳам ҷигари чоки

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Қонуни адаб пардадари савту садо нест,

👁 10

Қонуни адаб пардадари савту садо нест, З-ин соз магӯ, то нафасат сурманаво нест. Аз ҳар чӣ асар вокашӣ, афсона далел аст, Сармояи ин қофила ҷуз бонги даро

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ошиқӣ мақдури ҳар айёш нест,

👁 13

Ошиқӣ мақдури ҳар айёш нест, Ғам кашидан санъати наққош нест. Ҳусни маҳбубе, ки моро доғ кард, Гар қиёмат фош гардад, фош нест.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Шайх, то азм бар намоз шикаст,

👁 16

Шайх, то азм бар намоз шикаст, Сад вузӯ тоза карду боз шикаст. Сӯфӣ афканд бар замин мисвок, Ваҷд дандони ин гуроз шикаст.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сифла бо ҷоҳ низ ҳеҷкас аст,

👁 13

Сифла бо ҷоҳ низ ҳеҷкас аст, Мӯр агар пар бароварад, магас аст. Нафсро бешиканҷа магзоред, Саги девона муслиҳаш

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сари ҳар кас зи гуле пар задааст,

👁 8

Сари ҳар кас зи гуле пар задааст, Гул надонист, чӣ бар сар задааст? Гар бувад оина манзури бутон, Чашми мо ҳам мижа камтар задааст.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сиришкам нусхаи девонаи кист?

👁 17

Сиришкам нусхаи девонаи кист? Ҷигар оинадори шонаи кист? Ҷунун меҷӯшад аз тарзи каломам, Забонам лағзиши мастонаи кист?

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сармояи узри талабам аз ҳама беш аст,

👁 8

Сармояи узри талабам аз ҳама беш аст, Дар қофилаи ашк ҳамин обила пеш аст. Ҷаҳде, ки зи фикри ҳасади халқ бароӣ, Хоре ки ба пое нахалад, марҳами реш аст.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Содагӣ дилро асири фикрҳои хом дошт,

👁 13

Содагӣ дилро асири фикрҳои хом дошт, То таҳайюр буд дар оина, акс ибром дошт. Гар намебуд орзу, ташвиши ҷонкоҳӣ набуд,

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст,

👁 11

Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст, Ҳар қадар кам шумарӣ, бисёр аст. Дили ҷамъе, ки тавон гуфт, куҷост? Ғунча ҳам як сару сад девор аст.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Рафтани умр зи рафтори нафасҳо пайдост,

👁 12

Рафтани умр зи рафтори нафасҳо пайдост, Ваҳшати мавҷ тамошои хироми дарёст. Гирдбоде, ки ба худ дудсифат мепечад, Нафаси сӯхтаи синаи чоки саҳрост.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дил аз баҳори хаёли ту гулшани роз аст,

👁 9

Дил аз баҳори хаёли ту гулшани роз аст, Нигаҳ ба ёди ҷамолат биҳиштпарвоз аст. Хаёли марҳами кофур гулфурӯш мабод,

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар сояи абрӯ нигаҳат масту хароб аст,

👁 19

Дар сояи абрӯ нигаҳат масту хароб аст, Чун теғ зи сар даргузарад, олами об аст. Ошиқ ба чӣ уммед занад фоли тамошо? Дар олами найранги ту то ҷилва ниқоб аст.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар хаёлободи роҳат огаҳӣ номаҳрам аст,

👁 15

Дар хаёлободи роҳат огаҳӣ номаҳрам аст, Ҷилва нанмояд биҳишт, он ҷо ки ҷинси одам аст. Дар назарҳо гарди ҳайрат, дар нафасҳо шӯри аҷз, Сози базми зиндагониро ҳа

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар печутоби гесӯ то шонаро арӯсист,

👁 21

Дар печутоби гесӯ то шонаро арӯсист, Сайри саводи занҷир девонаро арӯсист. Бе гиря нест мумкин таъмири ҳасрати дил, То сел мехиромад, вайронаро арӯсист.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар тариқи рафтан аз худ раҳбаре даркор нест,

👁 25

Дар тариқи рафтан аз худ раҳбаре даркор нест, Ваҳшати наззораро болу паре даркор нест. Киштии тадбири мо тӯфонии ҳукми қазост, Ҷуз дами таслим ин ҷо лангаре дар

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар рабти халқ яксар номуси кибриёест

👁 19

Дар рабти халқ яксар номуси кибриёест Чун субҳа ҳар кас ин ҷо дар олами ҷудоест. Мунъим ба чатру афсар иқбол мефурӯшад, Ғофил ки бар сари мо бесоягӣ ҳумоест.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар хамӯши якқалам овозаи ҷамъият аст,

👁 38

Дар хамӯши якқалам овозаи ҷамъият аст, Ғунчаро поси нафас шерозаи ҷамъият аст. Лаззати осудагӣ ошуфтагон донанду бас, Зулф аз ҳар ҳалқа дар хамёзаи ҷамъият аст.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар такаллум аз надомат ҳеҷ кас осуда нест,

👁 27

Дар такаллум аз надомат ҳеҷ кас осуда нест, Ҷунбиши лаб якқалам ҷуз дасти барҳамсуда нест. Роҳатободе, ки мардум ҷаннаташ номидаанд, Бетакаллуф, ин сухан ғайр а

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Пеши тавонгарманишон паҳлуи лоғар макушо,

👁 40

Пеши тавонгар манишон паҳлуи лоғар макушо, Даст ба ҳар даст мадеҳ, чашм ба ҳар дар макушо. То зи яқинат ба гумон чашм напӯшанд хасон, Банди ниқоби саҳарат дар с

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳама бишнохтанат охири кор

👁 91

Ҳама бишнохтанат охири кор Мисли нодидану нашнохтан аст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Гар бимирам ман, бимирам бедареғ

👁 120

Гар бимирам ман, бимирам бедареғ Пеши пои одамони зиндадил…

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 234 аз 1002