Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар хаёлободи роҳат огаҳӣ номаҳрам аст,

Дар хаёлободи роҳат огаҳӣ номаҳрам аст, Ҷилва нанмояд биҳишт, он ҷо ки ҷинси одам аст. Дар назарҳо гарди ҳайрат, дар нафасҳо шӯри аҷз, Сози базми зиндагониро ҳамин зеру бам аст. Аз дуто гаштан надорад чора нахли мевадор, Қомати ҳар кас ба зери бор меояд, хам аст. Яъстамҳид аст ин уммедҳо, ҳушёр бош, Ҳар қадар арзи амалҳо беш, фурсатҳо кам аст. Бо фурӯғи ҷилваат наззорагиро тоб ку? Ранги гул чун оташ афрӯзад, сипандаш шабнам аст. Дар бинои ҳайрат аз ҳусни ту мебинам халал, Хонаи оина ҳам барпо ба девори нам аст. Дарси ибратҳои моро нусхае даркор нест, Чашми оҳуро саводи хеш сармашқи рам аст. То нафас боқист, золим нест бе фикри фасод, Гӯшагири фитна мебошад, камонро то дам аст. Шуъла ҳар ҷо мешавад саргарми таъмири ғурур, Доғ механдад, ки ҳамворӣ бинои муҳкам аст. Айши шоҳӣ дар тилисми серчашмӣ бастаанд, Косаи чашми гадо гар пур шавад, ҷоми Ҷам аст. Дӯстон, ҳошо, ки рабти улфати ҳам бигсаланд, Мавҷҳоро рафтан аз худ ҳам дар оғӯши ҳам аст. Номдориҳо гирифторист дар доми бало, Бедил, ангушти шаҳонро тавқи гардан хотам аст.