Дар печутоби гесӯ то шонаро арӯсист,
Дар печутоби гесӯ то шонаро арӯсист,
Сайри саводи занҷир девонаро арӯсист.
Бе гиря нест мумкин таъмири ҳасрати дил,
То сел мехиромад, вайронаро арӯсист.
Дарё гуҳарфурӯш аст аз орамидани мавҷ,
Гар орзу бимирад, фарзонаро арӯсист.
Айши бисоти имкон мавқуфи ғафлати мост,
То мо сиёҳмастем
, майхонаро арӯсист.
Файзе наметавон бурд, то дил ба ғам насозад,
Оташ зану тараб кун, к-ин хонаро арӯсист.
Дилро баҳори ишрат тарки хаёли ҷисм аст,
Гар сар барорад аз хок, ин донаро арӯсист.
Бозори ваҳм гарм аст аз ҷинси бешуурӣ,
Дар базми хобнокон афсонаро арӯсист.
Аз лутфи сарфарозон шоданд зердастон,
Дар хандаи суроҳӣ паймонаро арӯсист.
З-он нолае, ки занҷир дар бори шавқ дорад,
Фарзонаро надомат, девонаро арӯсист.
Дар сина бе хиёлат рақси нафас муҳол аст,
То шамъ ҷилва дорад, парвонаро арӯсист.
Бедил, чаро насӯзам шамъи видоъи ҳастӣ?
З-он шӯхи ошнокуш бегонаро арӯсист.