Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст,

Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст, Ҳар қадар кам шумарӣ, бисёр аст. Дили ҷамъе, ки тавон гуфт, куҷост? Ғунча ҳам як сару сад девор аст. Ба шумори манумо хурсандем, Чӣ тавон кард, нафас бекор аст? Асари саъйи кадом обилапост? Хори ин раҳ мижаи хунбор аст. Хоксорон чамани хуррамиянд, Сабзаву гул ба замин бисёр аст. Ҳусн нодида тамошо дорад, Мижа бардоштанат девор аст. Дар адам низ ғуборе дорад, Хокам оинаи ҷавҳардор аст. Пешпо мехӯрам аз улфати дил, Бар нафас оина ноҳамвор аст. Норасоӣ қафаси шикваи кист? Хомушӣ печиши сад тӯмор аст. Ғунчаро хандаву парвоз якест, Боли мо дар гираҳи минқор аст. Чун ҷарас, кош, ба манзил нарасем, Нолаи мо зи асар безор аст. Мурда ҳам фикри қиёмат дорад, Орамидан чӣ қадар душвор аст. Бедил, аз санъати тақдир мапурс, Зулфи ёрему шаби мо тор аст.