Рафтани умр зи рафтори нафасҳо пайдост,
Рафтани умр зи рафтори нафасҳо пайдост,
Ваҳшати мавҷ тамошои хироми дарёст.
Гирдбоде, ки ба худ дудсифат мепечад,
Нафаси сӯхтаи синаи чоки саҳрост.
Ҷавҳари оина афсурда зи қайди ватан аст,
Аксро гарди сафар оби рухи нашвунумост.
Аз гуҳар мавҷ муҳол аст таровад берун,
Гираҳи тори назар чашми ҳаёпешаи мост.
Қатъи сарриштаи парвози талаб натвон кард,
Бол агар силсила кӯтоҳ кунад, нола расост.
Наргиси масти туро дар чамани ҳусни адо
Майи шӯхӣ ҳама дар соғари лабрези ҳаёст.
Баски бе обила гоме нашумурдам ба раҳат,
Оби оина зи нақши қадамам чеҳракушост.
Эътибори ба худ оташ заданам саҳл магир,
Қадри шамъ аз ҳама кас як сару гардан болост.
Эй таманно, макун аз хиҷлати ҷавлон обам,
Умрҳо шуд, чу гуҳар қатраи ман обилапост.
Ҳеҷ кас нест забондони хаёлам, Бедил,
Нағмаи пардаи дил аз ҳама оҳанг ҷудост.