Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дил аз баҳори хаёли ту гулшани роз аст,

Дил аз баҳори хаёли ту гулшани роз аст, Нигаҳ ба ёди ҷамолат биҳиштпарвоз аст. Хаёли марҳами кофур гулфурӯш мабод, Ба рӯи теғи туам чашми захми дил боз аст. Ту барқи ҷилванигаҳдушманӣ, касе чӣ кунад? Шикасти оина аз ҳусни мастии ноз аст. Гудохтам зи таҳайюр, ки чашми оина ҳам Баҳори ҳусни туро шабнами назарбоз аст. Маям чу накҳати гул ҷавҳари ҳаво гардид, Ҳанӯз шишаи рангам шикастаноғоз аст. Лабе, ки ханда дар ӯ хун шавад, лаби миност, Раге, ки неш ба дил мезанад, раги соз аст. Сахост нашъаи шуҳрат карамнажодонро, Кушодадомании абр боли парвоз аст. Фиреби аҷз махӯр аз пари шикастаи ранг, Ки дар гирифтани парвоз чангули боз аст. Зи печутоби нафас сӯзи дил тавон донист, Забони дуд ба асрори шуъла ғаммоз аст. Надонам, ин ҳама ҳарфи ҷунун кӣ мегӯяд? Ки гӯши ҳалқаи занҷири мо пуровоз аст. Тавон зи бехудиям кард сайри олами ҳусн, Шаҳиди ишқаму хунам қаламрави ноз аст. Ниҳоли гулшани қадри суханварӣ, Бедил, Ба қадри маънии барҷаста гарданафроз аст.