Машшотаи шӯхе, ки ба дастат дили мо баст,
Машшотаи шӯхе, ки ба дастат дили мо баст,
Мехост чаман тарҳ кунад, ранги ҳино баст.
Он ранг, ки медошт дареғ аз варақи гул,
Аз дур кафи дасти ту бӯсиду ба по баст.
Охир чаманеро ба сарангушти ту печид,
Во кард ниқоби шафақу ғунчанамо баст.
Об аст зи шабнам дили ҳар барги гул имрӯз,
К-ин ранги чамансози вафо сахт баҷо баст.
З-ин нур ки аз шамъи сарангушти ту гул кард,
То шуъла занад оташи ёқут, ҳаё баст.
Кайфияти гул кардани ин ғунча ба рангест,
К-аз ҳайрати саршор тавон оинаҳо баст.
Арбоби назарро ба тамошои баҳораш
Дасти мижае буд, таҳайюр ба қафо баст.
То арза диҳад мунтахаби нусхаи асрор,
Тарроҳи чаман маънии ҳар ғунча ҷудо баст.
Бедил, ту ҳам аз шавқ чаман шав, ки ба ин ранг
Шерозаи девони ту имрӯз ҳино баст.