Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Масти ирфонро шароби дигаре даркор нест,

Масти ирфонро шароби дигаре даркор нест, Ҷуз тавофи хеш даври соғаре даркор нест. Саъйи парвозат чу бӯйи гул гар аз худ рафтан аст, То шикасти ранг бошад, шаҳпаре даркор нест. Субҳро изҳори шабнам хандаи дандоннамост, Синачоки шавқро чашми таре даркор нест. Хиффату тамкин ҳиҷоби нашъаи ворастагист, Баҳр агар бошӣ, ҳубобу гавҳаре даркор нест. Шона гар машшотаи зулфат набошад, гӯ, мабош, Дафтари ошуфтагиро мистаре даркор нест. Оташи хуршедро набвад кавокиб ҷуз сипанд, Ҳусн чун саршор бошад, зеваре даркор нест. Сӯхтан чун шамъ авҷи пояи иқболи мост, Доғ манзур аст ин ҷо, ахтаре даркор нест. Шуълаҳо дар пардаи саъйи ҷаҳон хобидааст, Гар нафас сӯзад касе, оташгаре даркор нест. Изтироби дил зи ҳар мӯям чакидан мекашад, Чун раги абри баҳорам ништаре даркор нест. Олами аҷз аст ин ҷо, ҷоҳ ку? Шавкат кадом? То тавонӣ, нола кун, карруфаре даркор нест. Хишти бунёди ту бар ҳам чидани мижгон бас аст, Дар тағофулхона бому манзаре даркор нест. Зуҳду тақво ҳам хуш аст, аммо такаллуф бартараф, Дарди дилро бандаам, дарди саре даркор нест. Ҳирс қонеъ нест, Бедил, варна, аз сози маош Он чи мо даркор дорем, аксаре дар кор нест.