Мовуман
Мовуман
гум гашт, ҳар гаҳ хоб шуд ҳамбистарат,
Байзаи анқост сар дар зери болини парат.
Авҷи ҳиммат, то нафас боқист, пастӣ мекашад,
Бигзарӣ з-ин нардбонҳо, то расӣ бар манзарат.
Сар ба зону дӯхтан, он гаҳ хаёли маҳрамӣ?
Бегумон, ин ҳалқа афкандаст беруни дарат.
Эй ҳубоб, аз сифри авҳом ин қадар болидаӣ?
Як нафас дигар бияфзо, гар наёяд боварат.
Оташи ин корвон дар ҳеҷ ҳол осуда нест,
Баъди мурдан низ парвозест дар хокистарат.
Кош, аз ин ҳастӣ садои арраҳиле бишнавӣ,
Мекашад ҳар субҳ чандин пунба аз гӯши карат.
З-ин дабистон маънии ҷамъиятат равшан нашуд,
Чун саҳар, азбас парешон буд хатти мистарат.
Эй майи минои ишрат, аз такаллуф пур мабол,
Рехтӣ дар хок, агар лабрез кардӣ соғарат.
То ба кай бандӣ ваболи худ ба дӯши дигарон?
Об беҳ оина аз шарми кафи равшангарат.
Ҳамчу шамъат фурсати ҳастӣ балогардон бас аст,
Рангҳо дорӣ, ки мегардад ҳамон гирди сарат.
Хоҳ бар гардун қадам зан, хоҳ рав зери замин,
Ҷуз ҳамин вайрона натвон ёфт ҷойи дигарат.
Бе раги гардан мадон дар имтиҳонободи ишқ
То начарбад
ришта дар сӯзан ба ҷисми лоғарат.
Аз ҳаловатгоҳи кунҷи фақр агар огаҳ шавӣ,
Бӯриё хоҳад найистон шуд ба завқи шаккарат.
Обрӯ афзуд, то ҷустӣ канор аз таври халқ,
Нанги дарё дар гиреҳ баст эътибори гавҳарат.
Омадурафти нафас, Бедил, қиёмат доштаст,
Пушту рӯйи як варақ карданд чандин дафтарат.