Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй ишқ, рӯ ба рӯи ту мардона будаам,
Эй ишқ, рӯ ба рӯи ту мардона будаам, Қадри маро надонӣ агар, кӯр мешавӣ.
Ин хок агар хоки бузургон бошад,
Ин хок агар хоки бузургон бошад, Тарсам, ки маро ба синааш напзирад.
Дӯстон, оинарӯе чу ба сӯям нигарад,
Дӯстон, оинарӯе чу ба сӯям нигарад, Ҳамаи оинаҳоро ба шумо мебахшам.
Беҳин мероси ман аз дори дунё
Беҳин мероси ман аз дори дунё Ҳамин як пора шоли модарам буд.
Сад ифтихор кунӣ ҳам зи рӯди хушкида,
Сад ифтихор кунӣ ҳам зи рӯди хушкида, Дареғ, ташнагиятро шикаста натвонӣ.
Ман ин кафкӯбиҳоро дидаам бисёр,
Ман ин кафкӯбиҳоро дидаам бисёр, Ки подоши ҳама дилкӯбиҳо буданд.
Муште маро задию биболӣ зи бозуят,
Муште маро задию биболӣ зи бозуят, З-ин бехудӣ мабол, худо мезанад туро!
Чу ман мирам, миёни ҳамдигар гӯед, ки Лоиқ
Чу ман мирам, миёни ҳамдигар гӯед, ки Лоиқ Дар оғӯши замин бо бӯяҳои осмонӣ рафт...
Даврони хокбозии тифлии ман гузашт,
Даврони хокбозии тифлии ман гузашт, Акнун ба хок меравам хоки ҷаҳон ба сар...
То дилам об нашуд, об нашуд ҳеҷ диле,
То дилам об нашуд, об нашуд ҳеҷ диле, Дили ман об ки шуд, аз дили танҳо чӣ суд?
Эй навҷавони пирдил, бо ҷому бода соз,
Эй навҷавони пирдил, бо ҷому бода соз, Ман бода мехурам, аз он пири ҷавондилам.
Гар сад ҳазор хирманам, муҳтоҷи донае,
Гар сад ҳазор хирманам, муҳтоҷи донае, Гар сад баҳор гулшанам, муҳтоҷи як гулам.
Нагсилад пайванди мо аз рӯзгори ошиқӣ,
Нагсилад пайванди мо аз рӯзгори ошиқӣ, То манам дар орзуи абруи пайвасти ту.
Рафту баргашт агар дар ғазали Ҳофиз ҳаст,
Рафту баргашт агар дар ғазали Ҳофиз ҳаст, Рафту баргашт надорад сафари охиратӣ.
Эй шаҳри ҳеҷ кас, ҳама рафтанд аз барат,
Эй шаҳри ҳеҷ кас, ҳама рафтанд аз барат, Аз ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас додат намерасад.
Ё магар ду тифли ҳамзоданд аз рӯзи азал
Ё магар ду тифли ҳамзоданд аз рӯзи азал Раҳбарӣ бо раҳзанию сарварӣ бо сарбурӣ?
Ман аз диёри хазону ту аз диёри баҳор,
Ман аз диёри хазону ту аз диёри баҳор, Худо кунад, ки баҳору хазон ба ҳам созанд.
Гаштаю баргашта боз пурсам аз ин рӯзгор:
Гаштаю баргашта боз пурсам аз ин рӯзгор: Панҷаи вомондаам шонаи зулфони кист?
Соҳиби арзу самоӣ, лек соҳибдил наӣ,
Соҳиби арзу самоӣ, лек соҳибдил наӣ, Вой бар ҳоли ту, эй соҳибҷаҳони беҷаҳон.
Аз зиндагию даҳшати тӯфони он магӯй,
Аз зиндагию даҳшати тӯфони он магӯй, Зеро ки ман зи киштии Нӯҳ омадам бурун.
Ҷавониям миёни кӯҳҳо рафтаст гулчинӣ,
Ҷавониям миёни кӯҳҳо рафтаст гулчинӣ, Хаёлам, боз меояд ба каф гулдастаи тоза...
Санҷидаву дидем, басо таҷриба кардем,
Санҷидаву дидем, басо таҷриба кардем, Ҳам лаъл ба каф н-омаду ҳам ёр биранҷид.
Дар сафҳаи беранге шеъре ба ту лоиқ нест,
Дар сафҳаи беранге шеъре ба ту лоиқ нест, Дар сафҳаи барги гул тавсифи ту бояд гуфт.
Агар рахти сафеди ту ба ту бахти сафед орад,
Агар рахти сафеди ту ба ту бахти сафед орад, Сияҳбахтии ошиқро ба оҳе метавон бахшид.
То рафтаам зи ёди ту, ёдам намекунанд,
То рафтаам зи ёди ту, ёдам намекунанд, То рафтаам зи дасти ту, аз по фитодаам.

