Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дунё гузаштааст, вале мо ҳанӯз ҳам
Дунё гузаштааст, вале мо ҳанӯз ҳам Дар интизори навбати дунё ситодаем.
Хашми фурӯхӯрдаам қуббаи хокам шавад,
Хашми фурӯхӯрдаам қуббаи хокам шавад, Оташи бетобиям сардии гӯри ман аст.
Бозии ҷони хешро дар ҳар нигоҳат дидаам,
Бозии ҷони хешро дар ҳар нигоҳат дидаам, Оинаи ҷон чашми ту, оинагардон чашми ту.
Баҳори ишқи маро навбаҳори ҳуснат кушт,
Баҳори ишқи маро навбаҳори ҳуснат кушт, Маро ба ёд биёр, ар баҳори нав бинӣ.
Эй зиндаёд, бо ҳама дилмурдагон бигӯ,
Эй зиндаёд, бо ҳама дилмурдагон бигӯ, К-ин зиндагӣ фароғати якчанд мурда нест!
Аз дасти инқилоб куҷо метавон гурехт?
Аз дасти инқилоб куҷо метавон гурехт? Аз дасти инқилоб худо ҳам халос нест!
Маро намехарад касе, маро намебарад касе,
Маро намехарад касе, маро намебарад касе, Чӣ ҳол дорам, эй худо, чӣ ҳол дорам, эй худо.
Ман шоирам, вале суханам баста дар даҳон,
Ман шоирам, вале суханам баста дар даҳон, Вақте сухан диҳӣ, ки забонам гирифта аст.
Ман диламро об кардам, то сухан шодоб бошад,
Ман диламро об кардам, то сухан шодоб бошад, Қатра аз ҷӯи сухан деҳ вақти мурдан дар гулӯям!
Хуш ба ҳолат, эй дил, имшаб ваъдаи оғӯш ҳаст,
Хуш ба ҳолат, эй дил, имшаб ваъдаи оғӯш ҳаст, Лек он ҳолат намедонам, ки ҳолат чун шавад.
Чарху дуки модарам, бар ман бубахш,
Чарху дуки модарам, бар ман бубахш, аммо бубин: Чарху дуки дигарон чархи фалакҳоро гирифт!
Мавҷи дарё дар забонам, шӯри дарё дар дилам,
Мавҷи дарё дар забонам, шӯри дарё дар дилам, Дар лабонам муҳри дарду розҳои соҳил аст.
Ин манам дар ҳасрати мӯи сиёҳат мӯсафед,
Ин манам дар ҳасрати мӯи сиёҳат мӯсафед, Ин манам дар фурқати рӯи сафедат рӯсиёҳ.
Ман, ки даъвогар наям ҳатто ба ҷои хештан,
Ман, ки даъвогар наям ҳатто ба ҷои хештан, Бо чӣ рӯ аз баҳри ҷои дигарон даъво кунам?
Ҷавониям ба пирӣ мегуселонад маро ҳар сол,
Ҷавониям ба пирӣ мегуселонад маро ҳар сол, Вале ман бе ҷавонӣ мегуселонам ҷавониро.
Ҳар чӣ гум кардам ба олам, ҳар чӣ хоҳам беҳ ҷуст,
Ҳар чӣ гум кардам ба олам, ҳар чӣ хоҳам беҳ ҷуст, Ҷумларо дар хонаи чашми ту меёбад дилам.
Чӣ мефахрӣ аз он кӯҳе, ки то зонуи ман бошад,
Чӣ мефахрӣ аз он кӯҳе, ки то зонуи ман бошад, Намедонӣ ба зери баҳр пинҳон қуллаҳое ҳаст!
Қадри тиллоро физоянд аз замин то осмон,
Қадри тиллоро физоянд аз замин то осмон, Хомушӣ тиллост, ин тилло чаро қимат нашуд?
Бо содагии кӯдакӣ мову ту кай варзем ишқ?
Бо содагии кӯдакӣ мову ту кай варзем ишқ? Ман ёди тифлӣ мекунам, ту ёди тифлон мекунӣ.
Шири синаат, модар, шеъри синаи ман буд,
Шири синаат, модар, шеъри синаи ман буд, Шири синаат хушкид, шеъри синаи ман мурд.
Басо дарёдиле хондем худрову надонистем,
Басо дарёдиле хондем худрову надонистем, Ки моро нест дасту домане то домани дарё.
Ту гар сарлашкаре дорӣ, маро сардафтаре буда,
Ту гар сарлашкаре дорӣ, маро сардафтаре буда, Миёни ин ду сар милён сареро метавон бифрӯхт.
Дирӯза наҷибам ман, имрӯза ғарибам ман,
Дирӯза наҷибам ман, имрӯза ғарибам ман, Дар доми фиребам ман, эй ёр, маро дарёб!
Бузургон содагонро дастёрӣ медиҳанд эй бас,
Бузургон содагонро дастёрӣ медиҳанд эй бас, Валекин содагонро бо бузургон дастёрӣ нест.
Модар намуд халқам, бахшид зиндагонӣ,
Модар намуд халқам, бахшид зиндагонӣ, То ки ба ёд орам он хокхуфтагонро.

