Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2607

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1731

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1461

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1397

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1146

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1055

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1041

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 847

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 837

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 797

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 749

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 735

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Забон гумкарда

👁 729

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 704

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 697

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 669

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 639

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Найнома

👁 632

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 631

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 626

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 614

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 599

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хандаи лола

👁 587

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 583

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 563

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Моро назар ба хайр аст аз ҳусни моҳрӯён,

👁 19

Моро назар ба хайр аст аз ҳусни моҳрӯён, Ҳар к-ӯ ба шар кунад майл ӯ худ башар набошад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Маро нашнохтӣ, ҳайҳот, ҳайҳот!

👁 15

Маро нашнохтӣ, ҳайҳот, ҳайҳот! Зи дил рафтам, чу аз чашмат бирафтам?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй гули пажмурда, аз кокул фитодӣ, хайр бод,

👁 7

Эй гули пажмурда, аз кокул фитодӣ, хайр бод, Ҷои ту садбарги хандон зеби кокул мешавад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мурдани некон барои дилсиёҳон зиндагист,

👁 12

Мурдани некон барои дилсиёҳон зиндагист, Зиндагии дилсафедон марги наҳси каҷдил аст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аз роҳ мегузаштам,

👁 13

Аз роҳ мегузаштам, Аз рӯ ба рӯ ғам омад: Як пирмарди мафлук Бо қомати хам омад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман сафедор коштам,

👁 16

Ман сафедор коштам, Бор надод, Ман зардолу коштам, Бор дод.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дарди бедаво дорам,

👁 19

Дарди бедаво дорам, Умри бебақо дорам, Ишқи бевафо дорам, Дасти норасо дорам,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бахту дили доро куҷост?

👁 14

Бахту дили доро куҷост? Ишқи ҷаҳоноро куҷост? Он, ки ба нархи сад ҷаҳон Ёбад дили моро, куҷост?

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман чанд баҳорро дидам?

👁 13

Ман чанд баҳорро дидам? Чанд баҳор маро дид? Бидруд, эй диду водид!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман маҷрои рӯдҳоро дигар кардам,

👁 14

Ман маҷрои рӯдҳоро дигар кардам, Аммо хулқи халқи худро?... Аз ин доғ мурдам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Куҷост он камонкаше,

👁 17

Куҷост он камонкаше, Куҷост тири орашӣ,1 Ки мову ту ба ҳам расем, Худойро, чӣ бекасем...

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Рафтам суроғи ошиқон

👁 11

Рафтам суроғи ошиқон Дар кӯчабоғи ошиқон, Дидам шукуфта ранг-ранг Як боғ доғи ошиқон.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Зи фанди чанд нобобе

👁 21

Зи фанди чанд нобобе Замон шуд чархи дӯлобӣ. Раҳи фардо намебинӣ, Раҳи хона намеёбӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҳамсояҳо бесояанд,

👁 17

Ҳамсояҳо бесояанд, Ҳампояҳо бепояанд. Розӣ набошӣ гар зи худ, Сармояҳо бемояанд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ин дарё на он дарёст,

👁 12

Ин дарё на он дарёст, Ҷигари обгаштаи мост, Ки ҷорист. Кадом биёбонаш мебалъад? –

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мо ба ҷое гул накиштем,

👁 13

Мо ба ҷое гул накиштем, Гул агар хандид, куштем. Рӯи дарё пул набастем, Ҷумла пулҳоро шикастем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман дарё набудам,

👁 11

Ман дарё набудам, Вале рӯдҳоро ба дарё роҳ намудам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Кай ҷон ба ҷонон мерасад,

👁 12

Кай ҷон ба ҷонон мерасад, Гул бар гулистон мерасад. Дар ҳасрати оғози ишқ Умрам ба поён мерасад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ин ду-се тан, ки соҳиби мизанд,

👁 13

Ин ду-се тан, ки соҳиби мизанд, Чизнодидагони ночизанд. Гар биёянд бар сари давлат, Бар сари давлат об мерезанд.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ба самимияти як ғунчаи гул,

👁 14

Ба самимияти як ғунчаи гул, Ба самимияти як оҳи насим, Ба самимияти як хӯшаи гандум Боварам бештар аст, эй мардум.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман дастакони кӯдакро дӯст дорам,

👁 16

Ман дастакони кӯдакро дӯст дорам, Зеро то даст бар сари олам бизанад, Даст бар сари худ мезанад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй ситорагони само,

👁 26

Эй ситорагони само, Мо шуморо менигарем, Мо шуморо мешумарем Дар навмедиҳо

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Рафтам имрӯз бар ҳузури кӯҳ,

👁 17

Рафтам имрӯз бар ҳузури кӯҳ, Кӯҳ оҳе кашиду ҳайрон шуд. Ғами сангини халқро гуфтам, Дар паси сангреза пинҳон шуд...

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Миллати пешвонапарварда,

👁 23

Миллати пешвонапарварда, Миллати пешвонаёварда, Пешвоёнт пешпохурда, Пешвоёнт пеши по мурда.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҷустуҷӯ марги дамодам будааст,

👁 21

Ҷустуҷӯ марги дамодам будааст, Ҳар чӣ ёбад одамӣ, кам будааст. Ин ҳама ноодамиҳое, ки ҳаст, Ёдгор аз нафси Одам будааст.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 237 аз 1002