Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гар ту бо лутфу ноз бархезӣ,
Гар ту бо лутфу ноз бархезӣ, Рӯи тобут ман нахоҳам хуфт. Дар лаби гӯр гар бибӯсӣ лабам, Боз байтулғазал тавонам гуфт.
Кай шавад рӯзгор беҳ моро?
Кай шавад рӯзгор беҳ моро? Рӯзгоро, забун манеҳ моро! Сарфамон сифру наҳвамон маҳв аст, Эй худо, Деҳхудо бидеҳ моро!
Ман зи ту ҳамзабонӣ мехоҳам,
Ман зи ту ҳамзабонӣ мехоҳам, Равиши ҳамравонӣ мехоҳам. Ҳамнишинист маҳзи як лаҳза Ман зи ту ҳамнишонӣ мехоҳам.
То бапо маҳдудаи обу гил аст,
То бапо маҳдудаи обу гил аст, Пой дар гил одами соҳибдил аст. Хонаи говон бубинӣ хушҷиҳоз, Хонадони оқил андар оғил аст.
Ҳар қадар кӯшӣ, ҳар қадар ҷӯшӣ,
Ҳар қадар кӯшӣ, ҳар қадар ҷӯшӣ, Ҳар қадар созӣ, ҳар қадар сӯзӣ, Байни ин теғаҳои бепарво Биният теғ мекашад рӯзе...
Зи ишқу ормонҳои ҷаҳонӣ,
Зи ишқу ормонҳои ҷаҳонӣ, Зи умри ҷовидонӣ буд ҳадисам. Пас аз девонагиҳои ҷавонӣ Кунун «Девони пирӣ» менависам.
Шунидам пири ботадбир мегуфт,
Шунидам пири ботадбир мегуфт, Ки андар бехудӣ худро шиносед. Замину осмон паҳновар, аммо Шумо аз бехудӣ аз ҳад наёзед.
Панҷ милярд одами ошуфтаҷон
Панҷ милярд одами ошуфтаҷон Мечарад андар чарогоҳи ҷаҳон. Ҳар қадар миқдори ӯ бисёр шуд, Он қадар миқдори ӯ ҳам хор шуд.
Гаҳ зи биност кӯр бинотар
Гаҳ зи биност кӯр бинотар Кӯр якумр роҳ меҷӯяд. Чу бипурсӣ аз ӯ: шутур дидӣ? Гар бидидаст, «на» намегӯяд.
Ҳар нафас уммедҳоро мекушанд,
Ҳар нафас уммедҳоро мекушанд, Бардагон Ҷамшедҳоро мекушанд. Қатра уқёнусро балъидааст, Шамъакон хуршедҳоро мекушанд.
Дар ҳошияи китоби умрам,
Дар ҳошияи китоби умрам, Эй хома, навис байти охир: Ӯ шоири нодире набуд, лек Дилбохта мурд мисли шоир!
Дидам ҳама меҳнату ҷафо ман,
Дидам ҳама меҳнату ҷафо ман, Боре набудам зи ту ризо ман, Ин қадр гирифтӣ сахт бо ман, Эй зиндагӣ, ё ту бош, ё ман!
Ҷуста болои ту боло рафтам,
Ҷуста болои ту боло рафтам, Раста аз ҷумлаву танҳо рафтам. Ваъдаи бӯса лаби дарё буд, Ман ба лаббӯсии дарё рафтам...
Кавдано, баҳс баҳси Эрон нест,
Кавдано, баҳс баҳси Эрон нест, Баҳси ман аз табори хештан аст. Оташи форсии ту – табхол, Оташи форсии ман сухан аст!
Суҳбати аввали мо дар сари роҳ
Суҳбати аввали мо дар сари роҳ Монд дар хотири Моҳ. Бӯсаи аввали мо дар лаби рӯд Монд чун байти суруд.
Бо шумо гоҳ ҳамнишин будам,
Бо шумо гоҳ ҳамнишин будам, Бо шумо низ бода хурдам ман, Нонатонро агар наяфзудам, Номатонро баланд кардам ман.
Ранҷидӣ агар зи модари даҳр,
Ранҷидӣ агар зи модари даҳр, Ханҷар бикашӣ ба модари хеш? Зӯрат нарасад агар ба душман, Осон бикушӣ бародари хеш?
То ба ҳол офтоб агар ҳар субҳ
То ба ҳол офтоб агар ҳар субҳ Шамъаки хиратобро куштаст, Шамъи моро ҷасоратест баланд, Шамъи мо Офтобро куштаст...
Дар нишасту хост байни хосу ом
Дар нишасту хост байни хосу ом Ҳар кӣ моро хоксор ангоштаст, Зери лаб гӯед бар аҳли румуз: Хоксорӣ ҳам ғуруре доштаст.
Фанди офоқ хурданам кофист,
Фанди офоқ хурданам кофист, Ранҷи айём бурданам кофист, Мурдани ростин, куҷоӣ ту? Ҳар дам аз дард мурданам кофист!
Ин ҷаҳон аст як дилозоре,
Ин ҷаҳон аст як дилозоре, Лак-лак инсон аз ӯ дилозурда. Батни хок аст пур зи мурдаи ҷисм, Матни хок аст пур зи дилмурда.
Баъди ин зиндагии гӯрмисол
Баъди ин зиндагии гӯрмисол Соҳиби гӯри замин хоҳам шуд. Дили захмӣ бибарам бар дили хок, Захми носури замин хоҳам шуд.
Маро дар кӯҳистон як зани бесавод
Маро дар кӯҳистон як зани бесавод (Ҷояш мину бод!) зод. Деҳи ман Мазор буд. Ман аз Мазор берун омадам
Ба фасли ҷуфтронӣ ҳамчу омоч
Ба фасли ҷуфтронӣ ҳамчу омоч Ба айёми дарав хам мисли дос аст. Ба мисли хок пурбардору пурсабр, Ба мисли хок умре бениёз аст.
Ману ту дар ду соҳил, рӯд ҷорист,
Ману ту дар ду соҳил, рӯд ҷорист, Миёни мову ту купрук шикаста. Ту он ҷо зеб афшонӣ ба сӯям, Ман ин ҷо дилкашолу пойбаста.

