Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сармояи узри талабам аз ҳама беш аст,

Сармояи узри талабам аз ҳама беш аст, Дар қофилаи ашк ҳамин обила пеш аст. Ҷаҳде, ки зи фикри ҳасади халқ бароӣ, Хоре ки ба пое нахалад, марҳами реш аст. То марг фусурдан накашад тинати мардон, Оташ ҳама дам сӯхтаи ғайрати хеш аст. Ҷое ки зи хатти ту нумӯ сабз нагардад, Фирдавс агар тал шавад, анбори ҳашиш аст. Аз барги тароват нигаҳе об надодем, Сарсабзии ин боғ ба шохи бузу меш аст. Аз санг шарар кам нашуд, аз хок ғубораш, Аз яъс бипурсед, ки роҳат ба чӣ кеш аст? Бастаст қазо рабти алоиқ ба гусастан, Ҳуш дор, ки бегонагие бо ҳама хеш аст. Дуккони адам мояи тағйир надорад, Моему матоъе, ки на кам буду на беш аст. Бедил, баадаб бош, ки дар пайкари инсон Гар раг кунад изҳори пурӣ, ташнаи неш аст.