Сиришкам нусхаи девонаи кист?
Сиришкам нусхаи девонаи кист?
Ҷигар оинадори шонаи кист?
Ҷунун меҷӯшад аз тарзи каломам,
Забонам лағзиши мастонаи кист?
Дилам гар нест фонуси хаёлат,
Нафас болу пари парвонаи кист?
Зи худ рафтам, вале бӯе набурдам,
Ки рангам гардиши паймонаи кист?
Хамӯшӣ нола мегардад, мапурсед,
Ки он ноошно бегонаи кист?
Надорад мазраи имкон дамидан,
Табассум обёри донаи кист?
Шуурам ранг гардонд, аз кӣ пурсам,
Зи худ рафтан раҳи кошонаи кист?
Гудози дил ки сели хонумонҳост,
Арақпарвардаи девонаи кист?
Наёвардем мижгоне фароҳам,
Намакпоши ҷигар афсонаи кист?
Дили ошиқ ба истиғно наярзад,
Хамӯшӣ вазъи густохонаи кист?
Ба пирӣ ҳам нафаҳмидем, афсӯс,
Ки дунё бозии тифлонаи кист?
Ба дайру Каъба корат чист, Бедил?
Агар фаҳмидаӣ дил хонаи кист.