Сари ҳар кас зи гуле пар задааст,
Сари ҳар кас зи гуле пар задааст,
Гул надонист, чӣ бар сар задааст?
Гар бувад оина манзури бутон,
Чашми мо ҳам мижа камтар задааст.
Лағзиши майкадаи аҷз расост,
Пойи беобила соғар задааст.
Бе рухаш номи тамошо мабаред,
Бар нигоҳам мижаи тар задааст.
Бо дили ҷамъ ҳамон месӯзам,
Шуъла ин ҷо дари ахгар задааст.
Шамъ гар сайри гиребон дорад,
Фоли парвоз таҳи пар задааст.
То раҳе во шавад аз қадди дуто,
Зиндагӣ ҳалқа бар ин дар задааст.
Шавқат аз нома бар он мустағнист,
Ранги мо пар ба кабутар задааст.
Гираҳи дил зи кӣ ҷӯяд нохун?
Дасту пойи ҳама қайсарзадааст
Нола гар машқи ҷунун мехоҳад,
Шаш ҷиҳат сафҳаи мистарзадаст.
Ғофил аз таъни кас огоҳ нашуд,
Бар раги мурда кӣ ништар задааст?
То куҷо заҳмати уммед барем?
Нафас ин бол мукаррар задааст.
Нест оташ, ки зи ҷо бархезад,
Дили бемор ба бистар задааст.
Фақр озодии бесохтаест
Кӯтаҳӣ домани мо бар задааст.
Ин сухан нест, ки ёрон фаҳманд,
Ибрат аз Бедили мо сар задааст.