Дар хамӯши якқалам овозаи ҷамъият аст,
Дар хамӯши якқалам овозаи ҷамъият аст,
Ғунчаро поси нафас шерозаи ҷамъият аст.
Лаззати осудагӣ ошуфтагон донанду бас,
Зулф аз ҳар ҳалқа дар хамёзаи ҷамъият аст.
Ҷуз ба мурдан манзили ором натвон ёфтан,
Гӯр агар лаб во кунад, дарвозаи ҷамъият аст.
Ҳамчу гирдобам дар ин дарёи тӯфонэътибор
Умрҳо шуд, гӯш бар овозаи ҷамъият аст.
Сӯхтан хокистароро гашт муфти офият,
Шуълаи моро навиди тозаи ҷамъият аст.
Гул ба қадри ғунча гардидан парешон мешавад,
Тафриқа оинаи андозаи ҷамъият аст.
Хоксориҳои Бедил дар парешонмашрабӣ
Шоҳиди ошуфтагиро ғозаи ҷамъият аст.