Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Қонуни адаб пардадари савту садо нест,

Қонуни адаб пардадари савту садо нест, З-ин соз магӯ, то нафасат сурманаво нест. Аз ҳар чӣ асар вокашӣ, афсона далел аст, Сармояи ин қофила ҷуз бонги даро нест. Ҳар ҳарф, ки омад ба забон, мунфаилам кард, Кам ҷаст аз ин кеш , хаданге ки хато нест. Ҳиммат чӣ қадар зери фалак бол кушояд? Паст аст ба ҳадде, ки дар ин хона ҳаво нест. Умрест, ки аз сози бадандомии офоқ Гар риштаву тобест, ба ҳам тангқабо нест. Моро тарии ҷабҳа ба ибрат нарасонид, Ҷинси арақи саъй зи дуккони ҳаё нест. Бе аҷзи расо қобили раҳмат натавон шуд, Дасте, ки баландӣ расадаш, боби дуо нест. Ҳуш дор, ки дар сояи девори қаноат Хобест, ки дар хоби пару боли ҳумо нест. Вомондаи аҷзем зи афсуни тааллуқ, Гар дил накашад ришта, нафас обилапо нест. Аз ҷаҳлу хирад то ҳавасу ишқу муҳаббат Ҷуз мо чӣ матоъ аст, ки дар хонаи мо нест? Моро карами оми ту муҳтоҷи ғано кард, Гар ҷилва тағофул занад, оина гадо нест. Ҷуз маънӣ аз осори иборат натавон хонд, Гар ғайри Худо фаҳм кунӣ, ғайри Худо нест. Ҳар бебасареро накунад маҳрами таҳқиқ, Он дасти ҳинобаста, ки ҷуз ранги ҳино нест. Бедил, рами фурсат чаманорост дар ин ҷо, Гул фикри иқомат чӣ кунад, ранг ба ҷо нест?