Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ошиқӣ мақдури ҳар айёш нест,

Ошиқӣ мақдури ҳар айёш нест, Ғам кашидан санъати наққош нест. Ҳусни маҳбубе, ки моро доғ кард, Гар қиёмат фош гардад, фош нест. Гар шавӣ огоҳ аз одоби ҳузур, Маҳрами хуршед ҷуз хаффош нест. Бениёзӣ аз тасаннуъ фориғ аст, Базми дил густардаи фаррош нест. Гарди авҳом андаке бояд нишонд, Ҳастӣ охир арсаи пархош нест. Шаш ҷиҳат фарш аст истиғнои фақр, Муфлисӣ дар ҳеҷ ҷо қаллош нест Нуҳ фалак аз шӯри бемағзӣ пур аст, Ин макон ҷуз гунбади хашхош нест. Чашми роҳат чун нафас аз дил мадор, Хонаи оинаат шаббош нест. Истиқомат рафта гир аз сози шамъ, Саркашӣ бо ҳар кӣ бошад, пош нест. Бо такаллуф марг ҳам зиллаткашист, Аз кафан гар бигзарӣ, наббош нест. Эй ҳавасмеҳмони хони зиндагӣ, Ғусса бояд хӯрдан, ин ҷо ош нест. Дар тағофулхонаи абрӯи ӯст, Бедил, он тоқе ки нақшаш фош нест.