Шайх, то азм бар намоз шикаст,
Шайх, то азм бар намоз шикаст,
Сад вузӯ тоза карду боз шикаст.
Сӯфӣ афканд бар замин мисвок,
Ваҷд дандони ин гуроз шикаст.
Шубҳа дарси тааммули ману туст,
Ранги таҳқиқ аз имтиёз шикаст.
Айши сарбаста дошт хомӯшӣ,
Лаб кушудан тилисми роз шикаст.
Бар замин тохт ҳодисоти фалак,
Ба нишеб омад аз фароз шикаст
Ададомӯз буд вазъи сипеҳр,
Гардани мо хами ниёз шикаст.
Дил хароби иъодаи дард аст,
Шишаҳо ҳасрати гудоз шикаст.
Ноумедӣ калиди матлабҳост,
Эй басо дар, ки кард боз шикаст.
Дастгоҳ он қадар набояд чид,
Остине, ки шуд дароз, шикаст.
Мутриби ин надоматанҷуманем,
Нағмаи мост аҷзу соз шикаст.
Бедил, аз пайкари хамидаи мо
Натавонӣ кулоҳи ноз шикаст.