Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ДУРУСТШИКАСТА
Шикаставораму дорам диле дуруст ҳанӯз, Вафо нигар, ки дилам пойбасти туст ҳанӯз. Ба ҳеч ҷоми дигар нест, ҳоҷат, эй соқӣ, Ки масти мастам аз он ҷуръаи нахуст ҳан
ҒАМПАРАСТ
Ту меравию дил зи даст меравад, Марав, ки бо ту ҳар чӣ ҳаст меравад. Диле шикастию ба ҳафт осмон, Ҳанӯз бонги ин шикаст меравад.
ҒАРИБОНА
Бигардед, бигардед, дар ин хона бигардед, Дар ин хона ғарибед, ғарибона бигардед. Яке мурғи чаман буд, ки ҷуфти дили ман буд, Ҷаҳон лонаи ӯ нест, пайи лона бига
ХУРШЕДПАРАСТОН
Хуршедпарастон рухи он моҳ надиданд, Дил ёва ниҳоданд, ки дилхоҳ надиданд. Ҳар кас дам аз ӯ мезанаду ин ҳама дастон, З-он рӯст, ки дар пардаи ӯ роҳ надиданд.
МЕҲРГИЁҲ
Эй моҳ, шабе мӯниси хилватгаҳи мо бош! Дар ойинаи аҳли назар чеҳранамо бош! Кори дили ман бин, ки гираҳ дар гираҳ афтод, Гесӯ бикушову бинишин, чеҳранамо бош!
МАРГИ ДУБОРА
Дар ҳафт осмон чу надорӣ ситорае, Эй дил, куҷо равӣ, ки бувад роҳи чорае? Ҳоле намонд, то бизанӣ фоле, эй рафиқ, Хуме куҷост, то бикунӣ истихорае?
РАВШАНИ ГӮЁ
Дерест, ки аз рӯи дилорои ту дурем, Муҳтоҷи баён нест, ки муҳтоҷи ҳузурем. Торику тиҳӣ пушту паси ойина мондем, Ҳарчанд ки ҳамсояи он чашмаи нурем.
ҲАВОИ РӮИ ТУ ДОРАМ
Ҳавои рӯи ту дорам, намегузорандам, Магар ба кӯи ту ин абрҳо биборандам? Маро, ки масти туам, ин хумор хоҳад кушт, Нигоҳ кун, ки ба дасти кӣ месупорандам?
ЗОДИ РОҲ
Ниёзманди лабат ҷони бӯсахоҳи ман аст, Нигоҳ кун ба ниёзе, ки дар нигоҳи ман аст. Зи дида партави ишқ ар бурун занад, чӣ кунам? Диле чу ойина дорам, ҳамин гуноҳ
РОҲЕ ВА ОҲЕ
Пеши сози ту ман аз сеҳри сухан дам назанам, Ки баёне чу забони ту надорад суханам. Раҳ магардону нигаҳ дор ҳамин пардаи рост, То ман аз рози сипеҳрат гираҳе бо
РОҲЗАН
Ҳама офоқ гирифтаст садои суханам, Ту аз ин тарф набандӣ, ки бибандӣ даҳанам. Рост дар қасди сару чашми каҷандозон аст, На, аҷаб гар биҳаросанд зи теғи суханам.
ҶОН, ЭЙ СОҚӢ
Чист он дар лаби ширини ту? Ҷон, эй соқӣ! Биситон ҷонаму онам бичашон, эй соқӣ! Бода пеш ор, ки дар пои ту дархоҳам бохт, Ҳосили коргаҳи кавну макон, эй соқӣ!
МУРҒИ ЧАМАНИ ОТАШ
Эй ишқ! Ту моро ба куҷо мекашӣ, эй ишқ?! Ҷуз меҳнату ғам нестӣ, аммо хушӣ, эй ишқ! Ин шӯрию ширинии ман худ зи лаби туст, Сад бор маро мепазию мечашӣ, эй ишқ!
НАҚШИ ПАРНИЁН
Ҳазор сол дар ин орзу тавонам буд, Ту ҳар чӣ дер биёӣ, ҳанӯз бошад зуд. Ту сахт сохта меоиву намедонам, Ки рӯзи омаданат рӯзии кӣ хоҳад буд?
САБР ВА ЗАФАР
Эй мурғи ошёни вафо, хушхабар, биё! Бо армуғони қавлу ғазал аз сафар, биё! Пайки умед бошу паёмовари баҳор, Ҳамроҳи бӯи гул чу насими саҳар, биё!
ИШҚИ ҲАЗОРСОЛА
Кист, ки аз ду чашми ман дар ту нигоҳ мекунад? Ойинаи дили маро ҳамдами оҳ мекунад. Шоҳиди сармадӣ туӣ в-ин дили солхӯрди ман, Ишқи ҳазорсоларо бар ту гувоҳ мек
ТАНГА
Сабр кун, эй дили пурғусса, дар ин фитнаву шӯр, Гарчи аз қиссаи мо метаракад санги сабур. Аз ҷаҳон ҳеч надидему абас умр гузашт, Эй дареғо, ки зи гаҳвора расиде
БАР ОСТОНИ ВАФО
Куҷоӣ, эй ки дилам бе ту дар табу тоб аст? Чӣ бас хаёли парешон ба чашми бехоб аст? Ба сокинони саломат хабар кӣ хоҳад бурд, Ки боз киштии мо дар миёни ғарқоб а
ҲУНАР — ГОМИ ЗАМОН
Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст, Эй бас ғаму шодӣ, ки паси парда ниҳон аст. Гар марди раҳӣ ғам махӯр аз дурию дерӣ, Донӣ, ки расидан ҳунари гоми замон аст.
ПОИЗ
Шабҳои малоловари поиз аст, Ҳангоми ғазалҳои ғамангез аст. Гӯӣ ҳама ғамҳои ҷаҳон имшаб, Дар зории ин бориши якрез аст.
ҲАМПАЙМОН
Кушоди кори он дилбанд, агар бо ҷони ман будӣ, Ҳамоно додани ҷон кори бас осони ман будӣ. Ҷудоӣ кори душман буд в-арна эй бародарҷон, Ман аз ҷон ёварат будам, т
БО НАИ КАСОӢ
Дилам гирифта, Худоро, ту дилкушоӣ кун, Ман омадам ба умедат, ту ҳам Худоӣ кун. Ба бӯи дилкаши зулфат, ки ин гираҳ бикшой, Дили гирифтаи мо бину дилкушоӣ кун.
АЗИЗТАР АЗ ҶОН
Ёро, ҳуқуқи суҳбати ёрон нигоҳ дор! Бо ҳамраҳон вафо куну паймон нигоҳ дор! Дар роҳи ишқ гар биравад ҷони мо чӣ бок? Эй дил, ту он азизтар аз ҷон нигоҳ дор!
ХУН ДАР ҶИГАР
Дило, ҳаловати он дилситон агар донем, Ба ҷони ӯ, ки дил аз они ӯ нагардонем. Агар ба моҳ барояд в-агар ба чоҳ шавад, Чароғи роҳ ҳамон шамъи шуълавар донем.
КАҲРАБО
Ман на худ меравам, ӯ маро мекашад, Коҳи саргаштаро каҳрабо мекашад. Чун гиребон зи чангаш раҳо мекунам, Доманамро ба қаҳр аз қафо мекашад.

