БО НАИ КАСОӢ
Дилам гирифта, Худоро, ту дилкушоӣ кун,
Ман омадам ба умедат, ту ҳам Худоӣ кун.
Ба бӯи дилкаши зулфат, ки ин гираҳ бикшой,
Дили гирифтаи мо бину дилкушоӣ кун.
Диле чу ойина дорам нишаста бар сари даст,
Бибин ба гӯшаи чашмеву худнамоӣ кун.
Зи рӯзгор маёмӯз бевафоиро,
Худойро, ки дигар тарки бевафоӣ кун.
Балои кинаи душман кашидаам, эй дӯст,
Ту низ бо дили ман тоқатозмоӣ кун.
Шикояти шаби ҳиҷрон кӣ метавонад гуфт?
Ҳикояти дили мо бо наи Касоӣ кун.
Бигӯ, ба ҳазрати устоди мо ба ёди туем,
Ту низ ёде аз он аҳди ошноӣ кун.
Навои маҷлиси ушшоқ нағмаи дили мост,
Биёву бо ғазали Соя ҳамнавоӣ кун.