РОҲЗАН
Ҳама офоқ гирифтаст садои суханам,
Ту аз ин тарф набандӣ, ки бибандӣ даҳанам.
Рост дар қасди сару чашми каҷандозон аст,
На, аҷаб гар биҳаросанд зи теғи суханам.
Остине нагирифтам, ки бибӯсам дасте,
Бӯса, гар даст диҳад, бар қадами дӯст занам.
Бош, то Юсуфам аз чоҳ барояд бар гоҳ,
К-оварад равшании дида аз он пираҳанам.
Натавон ошиқи фарзона ба афсона фирефт,
Ман ба ҳеч ояву афсун дил аз ӯ барнаканам.
На чароғест дили ман, ки ба боде мирад,
Дам ба дам тоза шавад оташи ишқи куҳанам.
Бирас, эй мавкаби Наврӯзи хушовоза, ки боз
Заҳмати зоғи зимистон бибарӣ аз чаманам.
Соя, шеърам ба дили дӯст нишастасту хуш аст,
Корвон бурда ба манзил, чӣ ғам аз роҳзанам?