Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

РОҲЕ ВА ОҲЕ

Пеши сози ту ман аз сеҳри сухан дам назанам, Ки баёне чу забони ту надорад суханам. Раҳ магардону нигаҳ дор ҳамин пардаи рост, То ман аз рози сипеҳрат гираҳе боз кунам. Сабр кун, эй дили ғамдида, ки чун пири ҳазин, Оқибат муждаи нусрат расад аз пираҳанам. Чи ғарибона ту бо ёди Ватан менолӣ, Ман чӣ гӯям, ки ғариб аст дилам дар Ватанам? Ҳама мурғони ҳамовоз пароканда шуданд, Оҳ, аз ин боди балохез, ки зад дар чаманам. Шеъри ман бо мадади сози ту овозе дошт, Кай бувад боз, ки шӯре ба ҷаҳон дарфиканам? Най ҷудо з-он лабу дандон чӣ навое дорад? Ман зи беҳамнафасӣ нола ба дил мешиканам. Бе ту, оре, ғазали Соя надорад Лутфе, Боз роҳе бизан, эй дӯст, ки оҳе бизанам.