ЗОДИ РОҲ
Ниёзманди лабат ҷони бӯсахоҳи ман аст,
Нигоҳ кун ба ниёзе, ки дар нигоҳи ман аст.
Зи дида партави ишқ ар бурун занад, чӣ кунам?
Диле чу ойина дорам, ҳамин гуноҳи ман аст.
Бимонад он ки ба умеди роҳи тӯша равад,
Манам, ки завқи ҷамоли ту зоди роҳи ман аст.
Зи сӯзи синаи соҳибдилон магардон рӯй,
Ки рӯшноии ойинаат зи оҳи ман аст.
Маро ба маҷлиси кӯрон кӣ кард ойинадор?
Шикасти кори ман аз ақли рӯсиёҳи ман аст.
Зи неши мор чӣ нолам чу даст бурдам пеш?
Хилофи тинати ӯ нест, иштибоҳи ман аст.
Гирифт дасти дили хунфишону хандон гуфт:
Хароб ғорати ишқ асту додхоҳи ман аст.
Ба зери сояи зулфи ту омадаст дилам,
Ба ғам бигӯй, ки ин хаста дар паноҳи ман аст.
Зи ҳусн пурс, ки дар рӯи ту ба Соя чӣ гуфт:
Ҷалоли шеъри ту ҳмм ҷилвае зи ҷоҳи ман аст.