ҲАВОИ РӮИ ТУ ДОРАМ
Ҳавои рӯи ту дорам, намегузорандам,
Магар ба кӯи ту ин абрҳо биборандам?
Маро, ки масти туам, ин хумор хоҳад кушт,
Нигоҳ кун, ки ба дасти кӣ месупорандам?
Магар дар ин шаби деринтизори ошиқкуш,
Ба ваъдаҳои висоли ту зиндадорандам?
Ғаме намехӯрад айёму ҷои ранҷиш нест,
Ҳазор шукр, ки бе ғам намегузорандам.
Саре ба сина фурӯ бурдаам, магар рӯзе
Чу ганҷи гумшуда з-ин кунҷи ғам барорандам?
Чӣ бок, агар ба дили беғамон набурдам роҳ,
Ғами шикастадилонам, ки мегусорандам.
Ман он ситораи шабзиндадори уммедам,
Ки ошиқони ту то рӯз мешуморандам.
Чӣ ҷои хоб, ки ҳар шаб муҳассилони фироқ,
Хаёли рӯи ту бар дида мегуморандам.
Ҳанӯз даст нашустаст ғам зи хуни дилам,
Чӣ нақшҳое к-аз ин даст менигорандам.
Кадом маст май аз хуни Соя хоҳад кард,
Ки ҳамчу хӯшаи ангур мефишорандам?