ҒАМПАРАСТ
Ту меравию дил зи даст меравад,
Марав, ки бо ту ҳар чӣ ҳаст меравад.
Диле шикастию ба ҳафт осмон,
Ҳанӯз бонги ин шикаст меравад.
Куҷо тавон гурехт з-ин балои ишқ,
Ки бар сари ман аз аласт меравад?
Намехӯрад ғами хумори ошиқон,
Ки ҷоми мо шикасту маст меравад.
Аз он фарозу ин фуруд ғам махӯр,
Замона бар баланду паст меравад.
Биё, ки ҷони Соя бе ғамат мабод,
В-агарна ҷони ғампараст меравад.
Шаби ғами ту низ бигзарад, вале
Дар ин миён диле зи даст меравад.