ҒАРИБОНА
Бигардед, бигардед, дар ин хона бигардед,
Дар ин хона ғарибед, ғарибона бигардед.
Яке мурғи чаман буд, ки ҷуфти дили ман буд,
Ҷаҳон лонаи ӯ нест, пайи лона бигардед.
Яке соқии маст аст, паси парда нишастаст,
Қадаҳ пеш фиристод, ки мардона бигардед.
Яке лаззати мастист, ниҳон зери лаби кист?
Аз ин даст бад-он даст чу паймона бигардед.
Яке мурғи ғариб аст, ки боғи дили ман хӯрд,
Ба домаш натавон ёфт, паи дона бигардед.
Насими нафаси дӯст ба ман хӯрду чи хушбӯст,
Ҳамин ҷост, ҳамин ҷост, ҳама хона бигардед.
Навое нашунидаст, ки аз хеш рамидаст,
Ба ғавғош махонед, хамӯшона бигардед.
Сиришке, ки бар он хок, фишондем буни ток,
Дар ин ҷӯши шароб аст, ба хумхона бигардед.
Чӣ ширину чӣ хушбӯст, куҷо хобгаҳи ӯст?
Паи он гули пурнӯш чу парвона бигардед.
Бар он халқ бихандед, ки ишқаш написандед,
Дар ин ҳалқаи занҷир чу девона бигардед.
Дар ин кунҷи ғамобод нишоне натавон дид,
Агар толиби ганҷед ба вайрона бигардед.
Калиди дари умед агар ҳаст шумоед,
Дар ин қуфли куҳансанг чу дандона бигардед.
Рух аз Соя нуҳуфтаст, ба афсуни кӣ хуфтаст?
Ба хобаш натавон дид, ба афсона бигардед.
Тани ӯ ба танам хӯрд, маро бурд, маро бурд,
Гарам боз наёвард, ба шукрона бигардед.