ХУРШЕДПАРАСТОН
Хуршедпарастон рухи он моҳ надиданд,
Дил ёва ниҳоданд, ки дилхоҳ надиданд.
Ҳар кас дам аз ӯ мезанаду ин ҳама дастон,
З-он рӯст, ки дар пардаи ӯ роҳ надиданд.
Шарҳи ғами дилсӯхтагон кори сухан нест,
З-ин сӯзи ниҳон халқ ба ҷуз оҳ надиданд.
Имрӯз азизи ҳама олам шудӣ, аммо
Эй Юсуфи ман, ҳоли ту дар чоҳ надиданд.
Аз хуни шафақ ханда кушояд гули хуршед,
Он шабшудагон, бин, ки саҳаргоҳ надиданд.
Риндон набуриданд дил аз дастдарозӣ,
То зулфи туро ин ҳама кӯтоҳ надиданд.
Озодагӣ омӯз, ки мардони шарафмард,
Дар ҷилваи ҳусну ҳунару ҷоҳ надиданд.
Ҳар гӯша зи ганҷи азалӣ ёфт насибе,
Ҷое ғами ӯ ҷуз дили огоҳ надиданд.
Чун Соя бипӯшон дили худ, к-ойинадорон
Ҷуз гард дар ин куҳнагузаргоҳ надиданд.