БАР ОСТОНИ ВАФО
Куҷоӣ, эй ки дилам бе ту дар табу тоб аст?
Чӣ бас хаёли парешон ба чашми бехоб аст?
Ба сокинони саломат хабар кӣ хоҳад бурд,
Ки боз киштии мо дар миёни ғарқоб аст?
Зи чашми хеш гирифтам қиёси кори ҷаҳон,
Ки нақши мардуми ҳақбин ҳамеша бар об аст.
Ба сина сири муҳаббат ниҳон кунед, ки боз
Ҳазор тири бало дар камини аҳбоб аст.
Бубин дар ойинадорӣ суботи синаи мо,
Агарчи бо дили ларзон ба сони симоб аст.
Ба остони вафо сар ниҳодаему ҳанӯз,
Агар умеди кушоиш бувад аз ин боб аст.
Қадаҳ зи ҳар кӣ гирифтам ба ҷуз хумор надошт,
Муриди соқии хешам, ки бодааш ноб аст.
Мадор чашми умед аз чароғдори сипеҳр,
Сиёҳгӯшаи зиндон чӣ ҷои маҳтоб аст?
Замона кайфари бедод сахт хоҳад дод,
Сазои мардуми бадрӯз марги Суҳроб аст.
Уқобҳо ба ҳаво пар кашидаанду дареғ,
Ки ин намоиши парвоз нақш дар қоб аст.
Дар орзуи ту охир ба бод хоҳад рафт,
Чунин ки ҷони парешони Соя бетоб аст.