ТАНГА
Сабр кун, эй дили пурғусса, дар ин фитнаву шӯр,
Гарчи аз қиссаи мо метаракад санги сабур.
Аз ҷаҳон ҳеч надидему абас умр гузашт,
Эй дареғо, ки зи гаҳвора расидем ба гӯр.
Ту аҷаб тангаи обиркушӣ, эй маъбари ишқ,
Ки ба ҷуз куштаи ошиқ накунад аз ту убур.
Дар фурӯ банд бар ин маърака, к-он табли тиҳӣ,
Гӯши гетӣ ҳама кар кард зи ғавғои ғурур.
Тез бархез аз ин маҷлису бигрез чу бод,
То ғуборе нанишинад ба ту аз аҳли қубур.
Марг меборад аз ин доираи аҷзу азо,
Шав ба майхона, ки он ҷо ҳама сӯр асту сурур.
Шуълае баркашу бархез зи хокистари хеш,
З-он ки то пок насӯзӣ, нарасӣ, Соя, ба нур.