Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҲУНАР — ГОМИ ЗАМОН

Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст, Эй бас ғаму шодӣ, ки паси парда ниҳон аст. Гар марди раҳӣ ғам махӯр аз дурию дерӣ, Донӣ, ки расидан ҳунари гоми замон аст. Ту раҳрави деринаи сарманзили ишқӣ, Бингар, ки зи хуни ту ба ҳар гом нишон аст. Обе, ки баросуд заминаш бихӯрад зуд, Дарё шавад он рӯд, ки пайваста равон аст. Бошад, ки яке ҳам ба нишоне бинишинад, Бас тир, ки дар чилаи ин куҳнакамон аст. Аз рӯи ту дил канданам омӯхт замона, Ин дида аз он рӯст, ки хунобафишон аст. Дардову дареғо, ки дар ин бозии хунин, Бозичаи айём дили одамиён аст. Дил бар гузари қофилаи лолаву гул дошт, Ин дашт, ки помоли саворони хазон аст. Рӯзе, ки биҷунбад нафаси боди баҳорӣ, Бинӣ, ки гулу сабза карон то ба карон аст. Эй кӯҳ, ту фарёди ман имрӯз шунидӣ, Дардест дар ин сина, ки ҳамзоди ҷаҳон аст. Аз доду видод он ҳама гуфтанду накарданд, Ё Раб, чӣ қадар фосилаи дасту забон аст? Хун мечакад аз дида дар ин кунҷи сабурӣ, Ин сабр, ки ман мекунам афшурдани ҷон аст. Аз роҳ марав, Соя, ки ин гавҳари мақсуд, Ганҷест, ки андар қадами роҳравон аст.