ПОИЗ
Шабҳои малоловари поиз аст,
Ҳангоми ғазалҳои ғамангез аст.
Гӯӣ ҳама ғамҳои ҷаҳон имшаб,
Дар зории ин бориши якрез аст.
Эй мурғи саҳар, нола ба дил бишкан,
Ҳангомаи овози шабовез аст.
Дур аст аз ин боғи хазонхӯрда,
Он боди фараҳбахш, ки гулбез аст.
Соқӣ, сабук он ратли гарон пеш ор,
К-ин умри гаронмоя сабукхез аст.
Хокистари хомӯш мабин моро,
Боз о, ки ҳанӯз оташи мо тез аст.
Ин даст, ки дар гардани мо карданд,
Ҳуш дор, ки бо дашнаи хунрез аст.
Бархезу бизан бар дафи расвоӣ,
Фисқе, ки дар ин пардаи парҳез аст.
Саҳл аст, ки бо Соя наомезанд,
Моему ҳамин ғам, ки хушомез аст.