Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САБР ВА ЗАФАР

Эй мурғи ошёни вафо, хушхабар, биё! Бо армуғони қавлу ғазал аз сафар, биё! Пайки умед бошу паёмовари баҳор, Ҳамроҳи бӯи гул чу насими саҳар, биё! З-он хирмани шукуфтаи ҷонҳои оташин, Баргир хӯшаеву чу гул шуълавар, биё! Дӯшат ба хоб дидаму гуфтам, ки омадӣ, Эй хуштарин хушомада, бори дигар, биё! Чун шаб ба сояҳои парешон гурехтӣ, Чун офтоб аз ҳама сӯ ҷилвагар, биё! Дар хоку хун тапидани ин паҳлавон бубин, Симурғро хабар куну чун Золи Зар, биё! Мо ҳарду дӯстони қадимем, эй азиз, Ин сабр то нарафта зи каф чун зафар, биё! Биштоб ногузир, ки дер аст вақти пир, Эй муждабахши бахти ҷавон, зудтар, биё! Ин рӯзгори талхтар аз заҳр, гӯ, бирав, Яъне ба коми Соя шабе чун саҳар, биё!