Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ХУН ДАР ҶИГАР

Дило, ҳаловати он дилситон агар донем, Ба ҷони ӯ, ки дил аз они ӯ нагардонем. Агар ба моҳ барояд в-агар ба чоҳ шавад, Чароғи роҳ ҳамон шамъи шуълавар донем. Ҳадиси ғорати дай аз дарахт пурсиданд, Ҷавоб дод, ки мо вақти бору бар донем. Ба обу ранги хушат мужда медиҳем, эй гул, Ки нақшбандии ин хуни дар ҷигар донем. Хумори ин шаби соғаршикаста чанд кашӣ? Биё, ки мо раҳи майхонаи саҳар донем. Замона фурсати парвозам аз қафас надиҳад В-агарна мо ҳунари рақси болу пар донем. Худойро, ки дигар ҷуръае аз он майи лаъл, Ба мо бибахш, ки мо қадри ин гуҳар донем. Тариқи Соя, агар ошиқист, айб макун, Зи корҳои ҷаҳон мо ҳамин ҳунар донем.