Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст, В-аз гиряи зор бим сад чандон аст. Аз ҳар мижа новадони хун аст равон, Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.
Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ,
Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ, Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ. Бо ман ба забони ҳол мегӯфт сабӯй: «Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ»
Ин чарх чу тосест нагун афтода
Ин чарх чу тосест нагун афтода. Дар вай ҳама зиракон забун афтода. Дар дӯстии шишаву соғар нигаред: Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.
Косагар
Он косагаре, ки косаи сарҳо кард. Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард. Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод, В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту, Хиште ду ниҳанд бар мағоки ману ту. В-он гаҳ зи барои хишти гӯри дигарон, Дар колбаде кашанд хоки ману ту.
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд, Дар чарх қирони ахтарон хоҳад буд. Хиште, ки зи хоки ту бихоҳанд задан Девори саройи дигарон хоҳад буд.
Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар
Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар, Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар. Ноомадагон агар бидонанд, ки мо Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.
Эй кош, ки ҷои орамидан будӣ
Эй кош, ки ҷои орамидан будӣ, Ё ин раҳи дурро расидан будӣ. Кош аз паси сад ҳазор сол аз дили хок, Чун сабза умеди бардамидан будӣ.
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд, В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд. Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре, Аҳволи мусофирони дунё чун шуд?
Аз омадану рафтани мо суде ку?
Аз омадану рафтани мо суде ку? В-аз тори вуҷуди умри мо пуде ку? Аз оташи чарх ҷисми покони вуҷуд, Месӯзаду хок мешавад, дуде ку?
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст, Гарданда фалак бар сари коре будаст. Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ, К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлӯ
Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлӯ. Бар даргаҳи ӯ шаҳон ниҳодандӣ рӯ. Дидам ба сари кунгурааш фохтае Биншаста ҳамегуфт, ки: «Ку? Ку? Ку? Ку?»
3-овардани ман набуд гардунро суд
3-овардани ман набуд гардунро суд, В-aз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш нафузуд. В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд, К-овардану бурдани ман, аз баҳри чӣ буд?
Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст
Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст. Дар банди сари зулфи нигоре будаст. В-ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ, Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
Vо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз, Аз рӯи ҳақиқат, на ки аз рӯи маҷоз; Бозича ҳамекунем бар наъти вуҷуд, Афтем ба сандуқи адам як – як боз.
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш, Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш. Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш: «Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!»
Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед
Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед, Худро ба ҷамоли якдагар шод кунед, Соқӣ чу майи маона бар каф гирад, Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.
Ҳар ҷо, ки гулеву лолазоре будаст
Ҳар ҷо, ки гулеву лолазоре будаст, Аз сурхии хуни шаҳриёре будаст. Ҳар ҷо, ки бунафша аз замин мерӯяд, Холест, ки бар рухи нигоре будаасг.
Имшаб пай ратли якманӣ хоҳам кард
Имшаб пай ратли якманӣ хоҳам кард, Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард. Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод. Пас, духтари разро ба занӣ хоҳам кард.
Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд
Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд, В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд! Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб, Афсӯс, надонам, ки кай омад, кай шуд?
Гӯянд биҳишту ҳуру ъин хоҳад буд
Гӯянд биҳишту ҳуру ъин хоҳад буд, Он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд. Гар мо маю маъшуқпарастем, равост, Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд!
Бар раҳгузарам ҳазор ҷо дом ниҳӣ
Бар раҳгузарам ҳазор ҷо дом ниҳӣ, Гӯйӣ, ки бигирамат, агар гом ниҳӣ. Як зарра зи ҳукми ту Ҷаҳон холӣ нест, Ҳукмам ту куниву осиям ном ниҳӣ!
Ё раб! Ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?
Ё раб! Ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?! Пашму касабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?! Ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд, Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?!
То битвонӣ ранҷа магардон касро
То битвонӣ ранҷа магардон касро, Бар оташи хашми хеш манишон касро, Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ, Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.
Чун теғ ба даст орӣ
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт. Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд, Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.