Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ДАР ЗАНҶИР
Боли фариштагони саҳарро шикастаанд, Хуршедро гирифта ба занҷир бастаанд, Аммо ту ҳеч гоҳ напурсидаӣ, ки мурд, Хуршедро чӣ гуна ба занҷир мекашанд?
БАРОИ РОЗЕНБЕРГҲО
Хабар кӯтоҳ буд: - Эъдомашон карданд. Хурӯши духтарак бархост, Лабаш ларзид,
БА НОЗИМ ҲИКМАТ
Мисли як бӯсаи гандум, Мисли як ғунчаи сурх, Мисли як парчами хунини зафар, Дили афрӯхтаамро ба ту мебахшам, Нозим Ҳикмат!
СУРУДИ РАСТОХЕЗ
Ба по бархостам, Пурдарду хашмолуд, Зи по бигсехта занҷир, Даст озод,
РАМИДА
Хаставу беморваш ба гарданам овехт, Он ҳавпсангез дилбари гунаҳомӯз. Дидааш ошуфта аз хумори ҳавасбор, Гунааш аз оташи гуноҳ гулафрӯз.
ЖОЛА
Шаб ҳама шаб ба базми боғ гуле, Ба сабо бӯса доду ком гирифт. Ҳавасе ронду бодае паймуд, Ҳосил аз умри бедавом гирифт.
ЗАҲРХАНД
Биё, нигоро, биё, биё дар оғӯши ман, Бизан зи май оташам, бибар дилу ҳуши ман. Зи зулф во кун гираҳ, ки масту ошуфта беҳ, Бирез ин мушкро, бирез бар дӯши ман.
ГӮРИ ШАБ
Шаб омаду чира шуд сиёҳӣ, Ором гирифт мурғу моҳӣ. Танҳо манам ашкбору бедор, Эй шаб, ту зи ҷони ман чӣ хоҳӣ?
БЕРУН ШУД АЗ ГУМОР
Роҳ дар ҷангали авҳом гум аст, Сина бикшой чу дашт, Агарат партави хуршеди ҳақиқат бояд, Вақте аз ҷангал гум.
ЗИ БОЛИ СУРХИ ҚАНОРӢ
Ҳуҷуми ғорати шаб буду хуни гарми шафақ, Ҳанӯз меҷӯшид, Ҳанӯз пайкари гулгуни офтоби шаҳид, Бар он каронаи дашти кабуд меҷунбид.
КАЙВОН СИТОРА БУД
Мо аз нажоди оташ будем, Ҳамзоди офтоби баланд, аммо Бо сарнавишти тираи хокистар, Умре миёни кӯраи бедод сӯхтем.
БОЗГАШТ
Бе мурғ ошёна чӣ холист, Холитар ошёнаи мурғе, К-аз ҷуфти худ ҷудост. Оҳ, эй кабӯтарони сапеди шикастабол,
ОЗОДӢ
Эй шодӣ! Озодӣ! Рӯзе, ки ту боз оӣ, Бо ин дили ғампарвард,
ШОДБОШ
Хезу сафо кун, ки мурдаи саҳар омад, Чашми ту равшан, Боғи ту обод, Даст марезод.
САБУҲӢ
Бардошт осмонро Чун косае кабуд Ва субҳи сурхро Лоҷуръа сар кашид,
ГИРЯИ СЕБ
Шаб фурӯ меафтод, Ба дарун омадаму панҷараҳоро бастам, Бод бо шоха даровехта буд. Ман дар ин хонаи танҳо танҳо,
СУҚУТ
Гардане меафрошт, Сараш аз чарх фаротар мерафт, Осмон бо ҳама ахтарҳояш, Бӯса мезад ба сари ангушташ,
ПАРАНДА МЕДОНАД
Хаёли дилкаши парвоз дар таровати абр, Ба хоб мемонад. Паранда дар қафаси хеш, Хоб мебинад.
МАРСИЯИ ҶАНГАЛ
Имшаб ҳама ғамҳои оламро хабар кун, Биншину бо ман гиря сар кун, Гиря сар кун. Эй ҷангал, эй анбуҳи андуҳҳои дерин,
ФАЛАҚ
Эй субҳ, Эй башорати фарёд, Имшаб хурӯсро Дар осмони омаданат
СУРХ ВА САФЕД
То наёроед гесӯи кабудашро бо шақоиқҳо, Субҳ фархунда Дар ойина нахоҳад хандид.
ТАРҲ
Гулӯи мурғи саҳарро буридаанду ҳанӯз, Дар ин шати шафақ овози сурхи ӯ ҷорист.
МАН БА БОҒИ ГУЛИ СУРХ
Дар кушуданд ба боғи гули сурх Ва мани дилшударо Ба саропардаи рангини тамошо бурданд. Ман ба боғи гули сурх,
ҲАВЛ
Боз тӯфони шаб аст, Ҳавл бар панҷара мекӯбад мушт. Шуъла меларзад дар танҳоӣ, Бод фонуси маро хоҳад кушт...
ҲАФТУМИН АХТАР
Эй дареғо, чӣ гуле рехт ба хок, Чӣ баҳоре пажмурд? Чӣ диле рафт ба бод? Чӣ чароғе афсурд?

