Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БОЗГАШТ

Бе мурғ ошёна чӣ холист, Холитар ошёнаи мурғе, К-аз ҷуфти худ ҷудост. Оҳ, эй кабӯтарони сапеди шикастабол, Инак, ба ошёнаи дерин хуш омадед! Аммо дилам ба ғорат рафтааст, Бо он кабӯтарон, ки париданд. Бо он кабӯтарон, ки дареғо, Ҳаргиз ба хона бознагаштанд.