Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

РАМИДА

Хаставу беморваш ба гарданам овехт, Он ҳавпсангез дилбари гунаҳомӯз. Дидааш ошуфта аз хумори ҳавасбор, Гунааш аз оташи гуноҳ гулафрӯз. Чанг фурӯ бурду гесӯвони сияҳро, Нарм зи пешонии баромада пас рехт. Нози сарангушти вай, ки гумшудае дошт, Рӯи баногӯши ман хазиду ҳавас рехт. Синааш афшурда рӯи синаи ман танг, Дар тапиш аз мастии гуноҳи диловез. Нарму навозишгар орамида ба дӯшам, Гармии он бозувони лухти ҳавасхез. Шуълаи сарди шикебу сояи парҳез, Рафта дар он чашмҳои майзада дар хоб. Дар нигоҳаш орзуи ташнаи лабрез, Дар нафасаш илтиҳоби бӯсаи бетоб. Гарм дар оғӯши ман хазиду ҳаваснок, Бар лабам афшурд он лабони таболуд. Ман зи хаёле рамида сарду сабукмеҳр, Бӯсаи ман сардтар зи бӯсаи бидруд. Лаб зи лабам баргирифту аз сари афсӯс, Ғамзада дар чашми ман давид нигоҳаш. В-аз нигаҳи хастааш ба чашми ман овехт, Сарзаниши безабони чашми сиёҳаш. Дид, ки боз андар ин ду дидаи намнок, Ишқи касе шамъи ёдгор фурӯзад. Дид, ки боз ин дили рамидаи бетоб, Дар ғами он орзуи гумшуда сӯзад. Аз паси ашке, ки ҳамчу ҳолаи андуҳ, Парда дар он чашмҳои майзада овехт. Боз таманнои кому ҳасрати оғӯш, З-он нигаҳи ташнаи ҳавасзада мерехт.