Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЖОЛА

Шаб ҳама шаб ба базми боғ гуле, Ба сабо бӯса доду ком гирифт. Ҳавасе ронду бодае паймуд, Ҳосил аз умри бедавом гирифт. Доман аз даст доду маст афтод, То шаробе зи ҷоми васл чашид. Булбули бенаво зи ҳасрату сӯз, То саҳар нола карду оҳ кашид. Рӯи домони чоки гул жола, Ёдгоре зи қиссаи дӯш аст. Гул сарафканда, субҳ механдад, Булбули дилшикаста хомӯш аст.