ЗАҲРХАНД
Биё, нигоро, биё, биё дар оғӯши ман,
Бизан зи май оташам, бибар дилу ҳуши ман.
Зи зулф во кун гираҳ, ки масту ошуфта беҳ,
Бирез ин мушкро, бирез бар дӯши ман.
Аз ин каманди баланд ба гардани ман бибанд,
Бикаш ба ҳар сӯ маро чу шери сар дар каманд.
Ба ноз бар ман битоз, ба ғамза корам бисоз,
Ба нолаи ман бирақс, ба гиряи ман биханд.
Биханду гесӯ зи ноз бирез бар шонаҳо,
Сабук ба ҳар сӯ бипар, бипар чу парвонаҳо.
Ба ишва домони хеш бурун каш аз дасти ман,
Маро ба дунболи хеш давон чу девонаҳо.
Зи ишваҳо тоза кун ба сар ҷунуни маро,
Ба нола афкан дили чу арғунуни маро.
Чу лаб ниҳам бар лабат, лабам ба дандон бигир,
Лабам ба дандон бигир, бинӯш хуни маро.
Гаҳе ба қаҳрам бисӯз чу шамъи оташпараст,
Гаҳе дар оғӯши ман бипеч чун мори маст.
Ба бӯсае заҳрнок, аз он лабам кун ҳалок,
Сарам сиёҳӣ гирифт, бимон, ки рафтам зи даст.
Биёву биншин, биё, гули хиромони ман,
Сари гарон аз шароб бинеҳ ба домони ман.
Даме дар оғӯши ман бихоб, ширин бихоб,
Парид ҳуш аз сарам, мапурс сомони ман.
Бирез, пур кун, бирез зи бода ҷоми маро,
Барор, имшаб барор, зи нанг номи маро.
Сапеда бармедамад зи нолаҳои хурӯс,
Шаби сабуксоя рафт, надода коми маро...
Бибӯс, оре, бибӯс, лаби маро нӯш кун,
Маро бад-ин чашму лаб харобу мадҳуш кун.
Ту ҳам чу бурдӣ зи даст, маро бад-ин чашми маст,
Бирав зи наздики ман, маро фаромӯш кун...