Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ГӮРИ ШАБ

Шаб омаду чира шуд сиёҳӣ, Ором гирифт мурғу моҳӣ. Танҳо манам ашкбору бедор, Эй шаб, ту зи ҷони ман чӣ хоҳӣ? Бишкебу манол, эй шабоҳанг, Андуҳ мафизо ба ин дили танг. Бигзор ба дарди худ бигирям, Дар хуни дилам фурӯ мазан чанг. Эй моҳ, матоб бар ман имшаб, Оташ ба дилам маяфкан имшаб. Чашмак мазан, эй ситора, хомӯш, Хунам мафишон ба доман имшаб. Эй бод, ба кӯи ман чӣ пӯӣ? Озори дили маро чӣ ҷӯӣ? З-он духтари шӯхчашми танноз, Бо ман сухане дигар нагӯӣ. Наздик маё, хаёли ӯ дур, Дур аз мани дардманди маҳҷур. Бигрез аз ин шикастаи дард, Бигзор маро дар ин шаби гӯр. Оҳ, эй шаби табгирифта, пеш ой, В-оғӯши сиёҳи хеш бикшой! Бифшор, маро ба сина, бифшор, Бирбой маро, зи хеш бирбой!