Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БЕРУН ШУД АЗ ГУМОР

Роҳ дар ҷангали авҳом гум аст, Сина бикшой чу дашт, Агарат партави хуршеди ҳақиқат бояд, Вақте аз ҷангал гум. По ниҳодӣ берун Ва раҳо гаштӣ. Аз он гираҳи кӯри гумор, Ногаҳон обшоре аз нур, Бар сарат мерезад. Ва осмон Бо ҳама паҳноварии бе марзаш, Дар ту меомезад. Эй фароз омада аз ҷангали кӯр, Ҳастии равшани дашт, Ошкоро бодат, Бар лаби чашмаи хуршеди зулол, Ҷуръаи нури гуворо бодат.