Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЗИ БОЛИ СУРХИ ҚАНОРӢ

Ҳуҷуми ғорати шаб буду хуни гарми шафақ, Ҳанӯз меҷӯшид, Ҳанӯз пайкари гулгуни офтоби шаҳид, Бар он каронаи дашти кабуд меҷунбид. Ҳанӯз биркаи ғамгин ба ёд меовард, Пардаи ранге рӯзе, ки дам ба дам мекост. Ту бо чароғи дили хеш омадӣ бар бом, Ситораҳо ба саломи ту омаданд: Салом! Салом бар ту, ки чашми ту гоҳвораи рӯз, Салом бар ту, ки дасти ту ошёнаи меҳр. Салом бар ту, ки рӯи ту рӯшноии мост, Салом бар ту, ки аз нур доштӣ пайғом. Ту чун шаҳоб гузаштӣ бар он сукути сиёҳ, Ту чун шаҳоб навиштӣ ба хуни равшани хеш, Ки субҳи тоза зи хуни шаҳид хост, Зи боли сурхи ту хондам дар он ғуруби қафас, Ки офтоб раҳо гаштани қанориҳост.